ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №706 АЗ 30.10.2018

Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ”

Бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, инчунин иҷрои банди 8 қарориРаиси шаҳри Душанбе аз 19 октябри соли 2018, №675 “Дар бораи тасдиқи Нақшаичорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ вабаргузории Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллииҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ :

  1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолиимиллат ва пойдории давлати миллӣ” 5 ноябри соли 2018, соати 1000дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., роҳбаридастгоҳиРаиси шаҳриДушанбе Саидзода Т.Н., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳриДушанбеаз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 10 720 (даҳ ҳазору ҳафтсаду бист) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳоихориҷиидастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қароримазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикоснамоянд.
  6. Назорати иҷроиқароримазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                  Рустами Эмомалӣ