ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш. Душанбе, 10.11.2018.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт фестивали «Оши палав» баргузор гардид.

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин рушду тараққии ҳунарҳои халқӣ соли 2018 дар кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.

Дар ин робита фестивали мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил шуда,  дар он беҳтарин ошпазон аз 10 ноҳия ва шаҳру вилоятҳои кишвар ҳунари пазандагии худро пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардониданд.

Дар доираи баргузории фестивали «Оши палав» дар ҳудуди боғ 400 деги ошпазӣ, аз ҷумла 200 адад аз шаҳри Душанбе, вилояти суғд 50, вилояти Хатлон 50, шаҳри Турсунзода 15, ноҳияи Ҳисор 15, ноҳияи Рӯдакӣ 30 ва шаҳри Ваҳдат 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 10 ҳазор килограмм оши палав омода гардид.

Аз ҷумла,  барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзира», “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона», «Оши палав бо гӯшти мурғ» ва ғайра тайёр ва пешниҳод карда шуд.

Вале ҷавҳари асосии фестивал деги бузург бо ғунҷоиши 1 тонна маҳсулот, ки аз ҷониби шаҳри Душанбе дар даромадгоҳи боғ гузошта шуда буд, ба шумор мерафт. Дар он дар як вақт як тонна «оши палав» омода карда шуда, бо ин мақсад 8 нафар таббохон ҷалб гардиданд. Истифодаи чунин деги калони ошпазӣ ва омода намудани оши палав бо он бори аввал мебошад, ки дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, таббохон аз соати 01.00 шаб ба пухтани ош оғоз карданд.

Барои омода намудани оши палав дар он, 250 килограмм биринҷ, 350 килограмм сабзиреза, 200 килограмм гӯшт, 30 килограмм пиёз, 40 литр равғани зағир, 50 литр равғани офтобпараст, 1 килограм мурч, 1 килограм зира, 5 килограмм мавиз ва 1 килограмм ғураи зелол (барбарис) истифода гардидааст.

Дар баробари ин дар гӯшаҳои гуногуни боғ аз ҷониби иштирокчиёни ҷашнвора, намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дар онҳо анвои гуногуни асбобу анҷом ва лавозимоти милии марбут ба оши палав ба маъраз гузошта шуданд. Гӯшаи маҳсулоти оши палав дар як ҷониби боғ барои нафароне, ки бевосита дар хона хоҳиши пухтани оши палавро доранд фароҳам оварда шуда буд.

Ҳамчунин ҳунармандону таббохон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр намоиши маҳсулоти нонӣ-қаннодиро пешкаши сокинону меҳмонон карда буданд.

Дар гӯшаҳои гуногуни боғ бошад анвои гуногуни меваҷот ва полезию маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин маҳсули дасти занбурпарварон пешниҳод гардида буданд.

Баҳри меҳмонон ва иштирокчиёни фестивали «Оши-палав» гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил гардида, ки намудҳои гуногуни гиёҳу растаниҳои шифобахш ва чойҳои аз онҳо омода гардида пешкаш карда шуданд.

Савту навои карнаю сурнай, шеъру суруд ва таронаҳо дар васфи оши палав ба фестивали «Оши палав» шукӯҳу шаҳомати идона бахшида, мавзеъи баргузории фестивалро ба базмгоҳ табдил доданд.

Ҳар нафаре, ки аз фестивали «Оши палав» дидан намуд,  аз тамъу лаззати «оши палав» баҳравард гардид. Бо ин мақсад дар роҳравҳои боғ мизу курсӣҳо гузошта шуда буданд, ки сокинону меҳмонон тавонанд нишаста аз оши палави тоҷикӣ баҳравар гарданд.

Вале на танҳо сокинону меҳмонони пойтахт, балки коммисияи махсуси босалоҳияти иборат аз мутахассисону коршиноси варзида барои санҷидани ҳунари ошпазон таъсис дода шуда буд, ки аз рӯи муқаррароти муайян маҳорати ошпазон ва сатҳу сифати оши палави аз ҷониби онҳо омодагардидаро баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро муайян кард.

Тибқи низомномаи фестивал ғолибон аз рӯи 5 номинатсия, аз ҷумла шоҳҷоизаи озмун — «Беҳтарин оши палав» ва номинатсияҳои «Беҳтарин дастурхони ошӣ», «Беҳтарин хӯриш барои оши палав», «Ороиши беҳтарини табақи оши палав» ва «Беҳтарин ошхӯр» муайян карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолиби шоҳҷоизаи фестивал- «Беҳтарин оши палав» ҷом ва  мукофот ва барои барандагони номинатсияҳои дигари фестивал —  «Беҳтарин дастурхони ошӣ», «Беҳтарин хӯриш барои оши палав», «Ороиши беҳтарини табақи оши палав» ва «Беҳтарин ошхӯр» мукофотҳо муқаррар гардида буданд.

Ҳамин тариқ пас аз таҳлилу баррасӣ ва муайян намудани тамъу лаззат, сифат ва ороиши маҳсулоти пешниҳодгардида, аз ҷониби ҳайати ҳакамон барандаи шоҳҷоиза – «Беҳтарин оши палав» ва ғолибони номинатсияҳои дигари фестивал муайян гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки   соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Оши палавро  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Хурсандибахш аст, ки «Оши палав»-и тоҷикӣ дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки  аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО  расман сабт шуданд.

Имрӯз ошпазони касбии тоҷик бештар аз 130 навъи оши палавро омода менамоянд, ки аз оши палави кишварҳои дигар бо хусусиятҳои хоси худ фарқ менамоянд.

Ҳамин тариқ, тибқи хулосаҳои ҳайати коммисияи босалоҳияти фестивал Шоҳҷоиза — «Беҳтарин оши палав» ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дода шуд. Дар баробари ин ғолибони номинатсияҳои дигари фестивал бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Ҷоизаҳои «Беҳтарин дастурхони ошӣ» ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, «Беҳтарин хӯриш барои оши палав» ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, «Ороиши беҳтарини табақи оши палав» ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва «Беҳтарин ошхӯр» ба сокини ноҳияи Рудакӣ Эгамбердиев Тоҳир тақдим гардиданд.

Ба шаҳру ноҳияҳои дигари иштирокчиёни фестивал аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сипоснома супорида шуд.

Баргузор намудани фестивали «Оши палав» дар шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт нақши муҳим гузошта, дар баробари ин ҷиҳати ҳифзу арҷгузорӣ ва муаррифии санъати ошпазии мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад.