ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №719 АЗ 12.11.2018

Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид батаҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ

Бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилиисабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳриДушанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣваҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ аз10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018 бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 декабри соли 2018, тавассутинашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаҳои интернетӣ эълон карда шавад.
  2. Комиссияи озмун тибқизамимаи 1 ва тартиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тибқизамимаи 2 тасдиқ карда шавад.
  3. Комиссияи озмунии мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳриДушанбевазифадор карда шавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар муҳлати зикргардида тибқиталаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетишаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ғолиби озмун маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомониро ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботидастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда маблағи мазкурро пардохт намояд.
  6. Шуъбаи нақлиётидастгоҳиРаиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиётиҶумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳоидохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳаҳои намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ тадбирҳо андешанд.
  7. Раёсати иттилоот ва робитаҳоихориҷиидастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.
  8. Назорати иҷроиқароримазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастисоҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ