Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободони ва санитарӣ дар ш.Душанбе

ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

             Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

ФАСЛИ 1.  ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

  1. Асосҳои ҳуқуқии Қоидаҳои мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷмхҳрии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд.
  2. Масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ва масъулияти кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд бо шарт ва тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  амали мегардад.

 ФАСЛИ 2. РИОЯИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

  1. Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиени ва санитарию эпидемиологӣ  дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу майдонҳо, гулгаштҳо, майдонҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳри, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулият ва уҳдадории  ҳамаи шахсони мансабдору шаҳрвандон мебошад.
  2. Бозиҳои варзиши ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву шавқовар, ки доду ғавғоро тақозо менамоянд, танҳо дар ҷойҳои махсуси барои ин мақсадҳо таъингардида (майдонҳо)  гузаронида мешаванд.
  3. Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нушидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати масти ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки шаъну шарафи инсон ва ахлоқи чамъиятиро доғдор менамояд, манъ аст.
  4. Шахсоне, ки тартиби  муқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳо ва намоишҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Точикистон дар бораи ҳукуквайронкунии маъмури аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  5. Шахсоне, ки тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Точикистон дар бораи  ҳуқуқвайронкунии маъмури аз чониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  6. Дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе манъ аст:
  • дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд;
  • гилдиракрони ва самокатрони дар мавзеи кабудизори паркхо, гулгаштхо, дар кисмхои мошингарди роҳҳо, гузаштани роҳҳо, гузаштани кӯчаҳо, ки боиси вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ мегарданд;
  • таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсадҳо таъиннагардида;
  • бунёд ва гузоштани гаражҳо барои автомашинаҳои шахсӣ бидуни Қарори Раиси шаҳри Душанбе;
  • насб кардани радиошунавҳо, магнитофонҳо ва карнайҳои радио дар тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ ва хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву  шоҳроҳҳо;
  1. Шаҳрвандоне, ки талаботи зербандҳои «а» ва «в»-и банди 8 -ро вайрон мекунанд тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

ФАСЛИ 3. ҚОИДАҲОИ НИГАҲДОШТИ МАНЗИЛ ВА РУИ ҲАВЛӢ

  1. Фонди манзили шаҳри Душанберо биноҳою хонаҳои истиқоматӣ,  инчунин дигар биноҳое, ки пас аз қабул ба истифода ва ба қайдгирии  қонуни тибқи муқаррароти қонун ба фонди манзил дохил шудаанд, ташкил медиҳад.

Шаклҳои фонди манзилро фонди манзили давлатӣ, фонди манзили  ҷамъиятӣ, фонди манзили кооперативҳои манзилу сохтмон ва фонди манзили инфиродӣ ташкил медиҳанд.

Шаҳрвандон вазифадоранд:

  • хонаи истиқоматиашонро эҳтиёт кунанд, онро мутобиқи таъиноташ истифода баранд, қоидаҳои истифодаи манзил ва зисту зиндагониро мутобиқи муқаррароти  қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон риоя   намоянд,   инчунин   пардохти   саривақтии  ҳаққи  манзил  ва хизматрасонии коммуналиро ба ӣо оранд;
  • биною хонаҳои  истиқоматиро  шаҳрвандон  ҳақ надоранд  ба зарари манфиатҳои давлат ва ҷамъият истифода баранд;
  • талаботи пешбининамудаи қонунҳоро оид ба риояи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ ва зидди сӯхтор ба ҷо оранд;
  • ҳудуди назди  биноҳоро  бе  зарар  расонидан ба  манфиати  дигар шаҳрвандон ва ҷамъият истифода баранд.

Шахсоне, ки  уҳдадориҳояшонро  оиди дуруст истифода бурдани фонди манзил иҷро  намекунанд,  мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавриди ҷавобгари қарор мегиранд.

Инчунин шаҳрвандон вазифадоранд, муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба таҷҳизоти техникӣ ва дигар таҷҳизоти истифодаи умум эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаи истиқомати ва минтақаҳои атрофи бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту  панҷараи  зинаҳо  ва  дигар  ҷойҳои мавриди  истифодаи   умуми қарордоштаро таъмин кунанд.

  Чойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо дар асоси ҷуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон оиди иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ ва риояи дигар қоидаҳои сохтмонии иншоот, анҷом дода мешавад.

Истифода ва таъмири фонди манзили давлати ва кооперативҳои манзилу сохтмон, инчунин хонаю квартираҳо, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошад, бо риояи ҳатмии қоида ва меъёрҳои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил анҷом дода мешавад.

Раёсатҳои манзили-коммуналӣ, кооперативҳои манзили- сохтмони, комендантхои хобгоххои умуми, ширкатхо ва чамъиятхои сохибмулкони манзил, раисони махаллаву шахракхо, шахрвандон ва дигар шахсони масъул вазифадоранд, ки нигахдошти муназзами худудхои бинохои марбуташонро таъмин намуда, бевосита ба холати техники ва намуди берунаи бинохо ва кисмхои алохидаи онхо, балконхо, бомхо, кубурхои обгузар, инчунин тачхизоти баркии дохилу беруни  бино назорати катъи намоянд ва зимни таъмири асосии бинохои истикомати хифзи тамоми нишонахои пайвандии барктаъминкуни, дохилшавии обро ба коррез ва дигар шабакахои мухандиси таъмин намуда, нигахдошти лавхахои ракамхои бинохо, даромадгоххо ва равшании онхоро бо фарорасии торики ба рох монанд.

  1. Раёсатхои манзилӣ-коммуналӣ, кооперативҳои манзилӣ-сохтмонӣ, комендантҳои хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, ҷамъиятҳо ва кооперативҳои соҳибмулкони манзил, раисони маҳаллаву шаҳракҳо, шаҳрвандон, кироягирон  ва соҳибони манзилҳои истиқоматии инфиродӣ инчунин вазифадоранд:
  • қоидаи истифода ва нигаҳдошти фонди манзил ва қоидаҳои зиддисухтории барои манзилҳои истиқоматӣ муқарраргардидаро қатъиян риоя намоянд;
  • ба ҳолати коршоямии хатҳои барқӣ назорат намуда, бо қубурҳои газгузар ва плитаҳо эҳтиёткорона муносибат намоянд, ба чакидани об аз чумакҳо ва  колонкаҳои қубурҳои обгузар ва ба ифлосии нишастгоҳҳои халочо роҳ надода, асбобҳои гармидиҳиро пайваста бо тартиб нигоҳ доранд;
  • асбобхо ва обченкунакхои кубурҳои обгузари корезии дохили биноӣ ва рӯиҳавлигиро дар ҳолати коршоями нигоҳ доранд.
  1. Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ вазифадоранд:
  • манзилҳои истиқоматиашонро аз ҳисоби худ таъмири ҷорӣ намоянд;
  • саривақт хаққи хизматрасониҳои коммуналиро (газ барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохт намоянд;
  • оби ошомидани ва қувваи барқро бо мақсад ва сарфакорона истифода намоянд.
  1. Манъ аст:
  • дар ҳавлиҳои биноҳои истиқомати, инчунин дар ҳудуди корхонаҳои савдо ва коммуналӣ (мағозаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, устохонаҳо ва ғ.) ҷамъовари ва нигаҳдошти молу ашё ва шишаҳо;
  • истифода бурдани плитаҳои газӣ барои гармкунӣ, гирифтани оби гарм аз шабакаҳои гармидиханда;
  • иҳота намудани балконҳо бо панҷара, шишабандӣ кардани пешайвон ва инчунин дар балконҳои хонаҳои истиқоматӣ овехтани ҳаргуна анҷому либосҳо;
  • барои ҳавли ва гулзоркунӣ забт намудани қитъаҳои замин ва иҳота намудани онҳо бо панҷара;
  • бунёд намудани гузаргоҳ ва даромадгоҳҳо ба манзилҳои истиқоматӣ бидуни лоиҳаҳои мувофиқашудаи зарурӣ;
  • худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ, таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва накшу нигори намуди беруна.
  1. Зарари ба квартира ва биноҳои истиқоматии шахси расонидашуда бояд аз ҳисоби гунаҳгорон бартараф карда шаванд.
  2. Пайвастшави ба қубури об, коррез, шабакаҳои обёри, магистралҳои газу гармидиҳӣ, шабакаҳои барқӣ, телефонӣ ва радиошунавонӣ танҳо бо иҷозати роҳбарони ташкилотҳои дахлдор дар асоси лоиҳаҳои мувофиқагардида бо анҷом додани шартҳои техникии пайваст сурат мегирад. Шабакаҳои муҳандисии зеризаминию руизаминии худсарона гузаронидашуда аз ҷониби кормандони ташкилотҳои дахлдор бартараф карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор чораҳо тавассути мақомоти ваколатдор татбиқ карда мешавад.
  3. Ба шахсоне, ки талаботҳои зеринро риоя намекунанд мувофиқи   Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашда мешаванд:
  • риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ, бесарусомон нигоҳ доштан, ғайримақсад истифода бурдан ва ё вайрон кардани биною манзилҳои истиқоматӣ, расонидани зарар ба таҷҳизоту объектҳои ободонии фонди манзил;
  • риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум, аз ҷумла зинапояҳо, лифтҳо, даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ҳудудҳои назди ҳавлӣ;
  • бе иҷозати хадамоти дахлдор вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ, ки дар дохили биною манзилҳои истиқоматӣ мавҷуданд;
  • дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ, ки дар натиҷаи вайрон будани ҳолати техники асбобҳои санитарӣ, шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ, иншоот ва дастгоҳҳои онҳо ба амал омадааст;
  • риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш

 ФАСЛИ 4. БЕҲДОШТИ ОБОДОНИ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шахр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва тамоми сокинон  доир ба беҳбудии соҳаи ободонии шахр бояд саҳмгузор бошанд. Фармоишгарони сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ӯҳдадоранд, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии сохтмон роҷеъ ба шишабандии якхела кардани балконҳо, бо панҷараҳои ороишии якхела ҷиҳозонидани ошёнаи 1-ум, сохтмони болопӯш дар ҳавлӣ барои гузаронидани маъракаҳои ҷамъиятию оилавӣ нақшагири намоянд. Ҳангоми корҳои сохтмониву таъмирӣ майдончаҳои сохтмонӣ бояд тоза нигоҳ дошта шуда, дорои гузаргоҳҳои махсус барои шустани мошинҳо ва нам намудани хоку партовҳои сохтмонӣ бошанд, то ки ба ифлосшавии фазои шаҳру кӯчаҳо роҳ надиҳанд. Роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ, таъмириву сохтмонӣ ҳангоми сохтмон, таъмири асосии роҳҳо ва пиёдароҳҳо, иваз намудани паҳмии роҳ ё гузаронидани хати муҳандисии ҳавоӣ ё обёрӣ, корҳои заминӣ, ба вайроншавии (осебдиҳӣ) дигар иншоотҳо ва мавзеи кабудизор роҳ надиҳанд. Ҳамаи корҳо бояд дар мувофиқаю назорати хадамотҳои истифодабарандаи ин иншоотҳо ва баъди гирифтани иҷозатномаи махсус амалӣ гарданд.
  2. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ӯҳдадоранд, ки мавзеъҳои таъмири асосӣ, таҷдиди роҳ ва дигар корҳое, ки дар шаффати роҳи автомобилгард мегузаранд, бехатарии ҳаракати нақлиёт, пиёдагард ва сохтмончиёнро таъмин намоянд.
  3. Номгӯи рақами кӯчаву хиёбонҳо, ороиши равшанӣ, чароғҳо, навиштаҷотҳои рекламавию овезаҳо бояд дар ҳолати хубу коршоям қарор гиранд. Масъулият оид ба ҳифз, ҳолати хуб ва коршоямии маснуотҳои ороишии берунӣ ба сохторҳои зерин гузошта мешавад:
  • лавҳаҳо (тахтачаҳо), номгӯю рақами кӯчаю хиёбонҳо, гузаргоҳҳо, корхонаю ташкилотҳо ва идораву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба Раёсатҳои хоҷагиву манзилии коммуналӣ;
  • намоишгоҳҳо (витрина) реклама ва навиштаҷотҳои электрониву банерӣ (ё дигар намуд) ба соҳибоне, ки онхоро гузоштаанд;
  • тахталавҳаҳои хотиравӣ, муҷассамаҳо, пайкараву нимпайкараҳои дар кӯчаву хиёбонҳо мавчудбуда ба макомоту сохторхое, ки амволхои мазкур дар мувозина ё ихтиёрдориашон карор дорад;
  • чоҳҳо, сарпӯши чоҳбунҳо, ки дар қисмати роҳи автомобилгард, пиёдароҳҳо, мавзеъи кабудизори назди роҳ, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ҷойгиранд ба КВД «Обу корези Душанбе», ҶСШК «Душанбегаз», Шабакаи барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе, Тоҷиктелеком ва дигар  сохторҳое ки дар тавозунашон чоҳу сарпӯшҳо карор доранд.
  1. Манъ карда шавад:
  • иваз ва нобуд кардани хати ҷӯйбори (канал) обёрӣ, кам кардани бурриши кӯндалангии ҷӯйбору канал, ифлос ва партофтани партовҳо ба ҷӯйбору канали обёрӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ;
  • ороиш ва намоии лавҳаҳо, эълонномаҳо, овезаҳо ва лавҳаҳои электронӣ бо акси зану марди урён ва нимурён;
  • поймол кардани мавзеъи сабзазор, гулгашт, канда партофта ё бо худ гирифта бурдани гулу сабзаҳо;
  • кандан, шикастани воситаҳои муҳандисӣ (қубуру воситаҳои барқӣ, ороишӣ, шаклҳои хурди меъморӣ);
  • бе иҷозати дахлдор ғайримақсаднок истифода бурдани ҳудуди объектҳои сохтмонашон нотамом;
  • бе иҷозат кофтани ҳудуди биноҳо, кӯчаҳо ва майдонҳо, наандешидани чора бобати ба ҳолати дахлдор овардани ҷойҳои кандашуда, инчунин майдончаҳои сохтмон баъди ба анҷом расидани сохтмон ва корҳои таъмирӣ.

 ФАСЛИ 5. РИОЯИ ТАРТИБОТИ САНИТАРӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

  1. Дар ҷойҳои ҷамъияти шаҳрвандон ӯҳдадоранд тозагиро риоя намоянд.
  2. Маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатхои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо новобаста аз мансубияти  идоравиашон, иҷорагирон ва соҳибмулкон ӯҳдадоранд:
  • биноҳо ва иншоотҳои ҳудуди онхо, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи кабудизор ва истгоҳҳои нақлиётиро дар ҳолати хубу тоза  нигох доранд;
  • дар назди бинохо партовқуттиҳои хушнамуд гузошта, саривақт тоза кардани онхоро таъмин намоянд;
  • мутобиқи меъёри масоҳати барои рӯбучин муқарраршуда  ҳавлирӯбҳои бо либоси махсуси хушнамуд таъминбударо вобаста намоянд;
  • хар рӯз то соати 615   пурра  тоза кардани  ҳудуди иншоотҳои дар зербанди «а» зикргардидаро анҷом дода, онҳоро  дар давоми рӯз  дар ҳолати хубу  тоза нигоҳ доранд;
  • дар мавсими тирамоҳу зимистон пиёдароҳҳо, майдону истгоҳҳои нақлиётиро  аз барфу ях ва ифлоси тоза карда, ин худудхоро дар рӯзҳои яхбанди  омехтаи қуму намак ё тарошаҳои чӯб пошанд;
  • вобаста аз аз имкониятҳои мавчуда барои тоза кардани ҳудуд  аз таҷҳизотҳои  техникии  чангкашӣ  истифода намоянд.

22.Раёсатҳои хоҷагии манзиливу коммуналӣ, комендантҳои хобгоҳҳо  вазифадоранд, ки ҷамъоварӣ ва                     баровардани саривақтии партовҳои маиширо  таъмин намуда, қуттиҳои партовҳоро  тоза ва шустушӯй               намоянд.

  1. Ҳавлӣ, майдончаҳои партовҷамкунӣ  ва чуқуриҳои пуршаванда  бо ихроҷбояд ҳаррӯза аз чониби шахсони зерин иҷро гардида, дар хар 3 руз на кам аз як маротиба безарар гардонида шаванд:
  • дар хонаҳои истиқомати ва шаҳракҳо  аз тарафи  Раёсатҳои хоҷагии  манзили ва коммуналӣ, сохторхои марбута ва сохибмулкони манзил бо корхонаи  махсуси партовбарорӣ;
  • дар корхонаву ташкилотҳо аз тарафи маъмурият;
  • дар майдончаҳо аз тарафи  корхонаи  махсуси партовбарорӣ;
  • дар назди кӯчаҳо аз тарафи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои  ноҳияҳои пойтахт,ки ба он вобаста шудааст.

24.Истиқоматкунандагон ӯҳдадоранд:

  • партовҳои маиширо бо сатилҳои пластмасии сарпушакдор  ҷамъ карда  аз соати 1800 то соати 600 ба партовгохи махсус бароварда  партоянд;
  • чораҳои ҳатмиро ҷиҳати  нест кардани  пашшаву ҳашаротҳо ва мушу каламушҳо амалӣ намуда дар ин самт ба хадамотҳои несткунандаи ҳашаротҳои зараррасон мусоидат намоянд.

25.Корхонаҳои дорои нақлиётҳои барқӣ, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида бояд воситаҳои нақлиётро дар ҳолати тоза ба кӯча бароварда, муҳаррики онҳоро дар ҳолати коршояму ҷавобгуй ба талаботҳои техникӣ  нигоҳ доранд.

26.Маводу масолеҳи реза (қум, хок, партовҳои сохтмонӣ ва ғайра), ки  боиси ифлосшавии кӯча мегарданд бояд дар қуттиву воситаҳои махсус ва нам кардашуда бароварда шаванд. Борҳои мазкур набояд аз бордони мошин баланд бошад ва он бо болопуши резинӣ пурра пӯшидаву маҳкам бошад.

27.Манъ карда шавад:

  • партофтани партовҳобарф, ҳаргуна ифлоси ва дигар намуди партовҳо ба кӯчаҳои шаҳр, гулзору чаманзор, дарёю каналу селпартовҳо ва ҷӯйборҳои обраву обёрӣ, назди сутунҳои барқию телефонӣ, зернеругоҳҳо ва трансформаторҳо, кабинаҳои телефонҳо;
  • дар ҷойҳои таъиннагардида шустани мошинҳо;
  • рехтани ҳар гунна моеъҳои кимиёвӣ (кислотаҳо, бензину сузишвории дизелӣ, равғанҳои мошинию молиданӣ, ишқорҳо ва дигар моеъҳо, ки ба роҳ осеб дода фазоро вайрон мекунанд), дар хати (зери) ноқилҳои барқӣ захира ва ҷамъ кардани маводу масолеҳ;
  • ғайримақсаднок истифода бурдани оби нушокӣ;
  • бе иҷозат ва худсарона  ба чоҳбунҳои обихроҷӣ рехтани обҳои  техникӣ;
  • сохтан ва истифода намудани танурҳо дар чойҳои муайяннашуда;
  • хушк кардан, тоза ва сафед кардани либосу анҷоми хона ва гилемҳо дар ҷойҳои барои ин мақсадҳо пешбининагардида;
  • часпонидани эълонҳо дар девору шафати биноҳо, дарахтон, сутунҳо, истгоҳҳо ва ғайра;
  • сӯхтани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту ҳавлиҳо;
  • гирифтани хок барои тайёр кардани хишт;
  • худсарона ишғол намудани қитъаҳои озоди каналу селпартовҳо, дар ҳудуди қитъаҳои озод сохтани ҳар гуна бинову иншоотҳо (ҳавлӣ, гараж, ташноб, оғил, кат, девор ва ғайра), кам (танг) кардани маҷрои ҷӯйбор ва каналу селпартовҳо;
  • бе иҷозати сохторҳои коммуналӣ (Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, Раёсатҳои хоҷагии манзиливу комуналӣ, Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт) ва Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе гузоштани купрукчаҳо дар болои каналу обгузарҳо ва селпартовхо барои гузаштани воситаҳои нақлиёт;
  • аз ҷониби Раёсати хадамоти танзим дар соҳаи наклиёт дар шаҳри Душанбе додани иҷозат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти  мусофиркаш  барои мусофиркашони дар роҳҳои протоколӣ ва дигар роҳҳои пойтахт, ки дар онҳо тибқи талаботи санадҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе мусофиркашони   манъ карда шудааст.
  • дар шароити хона тайёр намудан ва дар ҷойҳои махсуснагардонидашуда ба фурӯш баровардани таомҳо, ки ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ  ҷавобгӯ намебошанд;
  • дар ҷойҳои номуносиб, аз ҷумла ҷойҳое, ки шароити нигоҳ дошта шудани таоми пухташуда ва дуруст тоза намудани зарфҳои истифоданашударо надоранд;
  • дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои савдо бидуни либоси махсуси якхела ва нишони сарисинагӣ, ки ному насабашонро нишон медиҳад ба савдо машғул шудани савдогарон
  • дар ҷойҳои мукаррарнашуда фурухтани ҳама намуди мол

Шаҳрвандоне, ки талаботи зербандҳои «о», «п», «р» ва «т»-ро вайрон мекунанд тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷмҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби макомоти ваколатдор ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд.

Барои вайрон намудани талаботи зербанди «о» тибки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда нисбати роҳбари Раёсати хадамоти танзим дар соҳаи наклиёт дар шахри Душанбе ва ронандагоне, ки ин талаботро вайрон намудаанд чораҳои қонунӣ татбиқ карда мешавад.

  1. Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ вазифадоранд  барои хизмати баровардани партовҳо ба воситаи кассаҳои шуъбаҳои Амонатбонк ба суратҳисоби хоҷагиҳои коммуналӣ на дертар аз санаи 10-ми моҳ маблағ пардохт намоянд. Андозаи маблағро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муайян намуда онро сохторхои коммуналӣ амалӣ менамоянд.
  2. Раёсати обёрӣ, Раёсатҳои хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо дар ҳудуди худ ва шахсоне, ки аз ҳавлии онҳо ҷӯйбору канал ё селпарто мегузарад, вазифадоранд онҳоро ҳамеша аз партову гилу лой тоза карда дар ҳолати хуби санитари нигоҳ доранд. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати обёрии Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе танҳо барои аз гил тоза кардани каналу селпартовҳо ва сохторҳои дигари марбутаи Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар нохияхои шаҳри Душанбе барои баровардани партовҳои аҳоли масъуланд. Дар ҳудуде, ки каналу селпартовҳо аз байни ҳавлии аҳолӣ мегузаранд, онҳо бояд аз гилу партов аз тарафи соҳибони ҳавлӣ тоза карда шаванд.
  3. Мавзеъҳои кабудизор новобаста аз мансубияти идоравиашон, хазинаи кабудизори шаҳрӣ ба ҳисоб меравад. Тоза, нигоҳубин ва ғамхорӣ нисбати мавзеи кабудизор вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
  4. Масъулият барои нигоҳубин ва ҳифзи мавзеи кабудизор ба зимаи сохторҳои зерин  гузошта шудааст (дар асоси шартнома):
  • гулгаштҳо, роҳҳои магистралӣ, кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо ба Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт;
  • боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба роҳбарони онҳо (директор, сардори муассиса ва ғайра);
  • шаҳраку роҳҳо ва ҳавлиҳо ба Раёсатҳои хоҷагиву манзилӣ (агар квартираҳо шахсӣ бошанд ба сохибмулкон ва  истиқоматкунандагони биноҳои истиқоматӣ);
  • назди хобгоҳҳо ба маъмурият (соҳибмулк) ва комендант, роҳбари маъмурият;
  • дар ҳавлиҳои назди мактабӣ, беморхонаҳо, донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳо ба маъмурияти онхо.
  1. Роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо, идораву корхонаҳои таъмириву сохтмонӣ ҳангоми корҳои заминӣ (шудгор ё ҳамвор, кофтан ва ғайра) ӯҳдадоранд, ки дарахтонро бо маводҳои муҳофизатӣ иҳота намуда, бо луч шудан аз пустлох роҳ надиҳанд, ба партофтани партовҳо ва хоки нолозима дар мавзеъҳои кабудизор роҳ надиҳанд. Ҳангоми бунёди пиёдараҳа ва роҳи автомобилгард барои гарди дарахтони сари роҳ ҷойгирбуда мавзеъи озоди хокӣ дар андозаи диаметраш 1,5 м ҷой монанд.
  2. Роҳбарон ва шахсони масъули таъмини ҳифзи мавзеи кабудизор  вазифадоранд, ки мунтазам обёрӣ намоянд, миқдори онҳоро ба ҳисоб гиранд, бо нуриҳо таъмин намоянд, бо ҳашароту кирмҳои зараррасон мубориза баранд, аз навдаҳои хушк тоза намоянд, чаману буттаҳоро сари вақт қайчи ва дарав кунанд, аз алафҳои бегона тоза кунанд.
  3. Манъ карда шавад:
  • шикастан ва буридани дарахтону буттаҳо, кандан ва буридани барги гулҳо, бо корду асбобҳои тез буридани навиштаҷот дар танаи дарахтон, ба дарахтон задани мех ва овехтани сим барои либосу анҷоми хушккунӣ;
  • аз як ҷой ба дигар ҷой кӯчонидани дарахтону буттаҳо (гарчанде хушкшуда ё зич парвариш ёфта бошанд) бе иҷозат ва санади дахлдори бо Сарраёсати меъмори ва шаҳрсози, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва мувофиқаи бевосита бо сохторе, ки дар мувозинааш мавзеъи кабудизор карор дорад;
  • ба мавзеи кабудизор ё назди он партофтани маҳсулоти кимиёвӣ, обҳои саноатӣ ва дигар моеъҳои зараррасон, ташкил намудани бозиҳо (футбол, валейбол, теннис ва ғайра), аз болои он ҳаракат ва идора намудани воситаҳои нақлиётӣ (велосипед, мотосикл, мошин) ва ташкил намудани тавақкуфгоҳи нақлиётӣ.
  1. Бо мақсади таъмини тозаги ва ҷорӣ намудани тартибот дар шаҳр ҳар рӯзи шанбеи якум ва сеюми моҳ рӯзҳои санитарӣ муқаррар карда шавад.
  2. Шахрвандоне, ки талаботхои банди 34-ро вайрон мекунанд, тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон аз тарафи  макомоти ваколатдор ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд.

 ФАСЛИ 6. ҲИФЗИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА РИОЯИ ҲОЛАТИ САНИТАРӢ ДАР ОРОМГОҲҲО

  1. Оромгоҳҳои «Лучоб», «Сари Осиё», «Марказӣ» ва «Шохмансур» ба Раёсати оромгоҳҳои Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.
  2. Маъмурияти Раёсати оромгоҳҳо ӯҳдадоранд:
  • тартиботи ҷамъиятӣ ва тозагиро дар ҳудуди оромгоҳҳо таъмин намоянд;
  • дархости шаҳрвандонро ба таври фаврӣ қабул карда, доир ба гӯронидани марҳумон талаботи меъёрҳои санитариро риоя намуда, нигоҳубини тахталавҳа ё санги болои қабрро дар асоси шартнома бо ворисони марҳум ва пардохти онҳоро тибқи нархномаи тасдикгардида амалӣ гардонанд;
  • тибқи дархости шаҳрвандон асбобу олотҳо (бел, халта, шоха ва ғайра)-ро таъмин намоянд;
  • дар ҳудуди оромгоҳҳо корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳубини онҳоро гузаронанд;
  • қабр ва пайкараҳое, ки дар ҳифзи давлат қарор доранд, таъмир карда, дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ намоянд.
  1. Манъ карда шавад:
  • бе иҷозати маъмурияти Раёсати оромгоҳо гузоштани санглавҳаҳо, азнавсозӣ ва бартараф кардани маснуотҳои болоиқабрӣ;
  • ифлос кардани оромгоҳҳо ва чаронидани ҳайвонот дар ҳудуди оромгоҳҳо;
  • сайругашт ва ҳозир будан пас аз дарбаст (маҳкам) кардани оромгоҳҳо;
  • сӯхтани ҳезуму барафрохтани гулхан ва ташкил кардани ҳар гунна бозиҳо.

Шаҳрвандоне, ки талаботи банди мазкурро вайрон мекунанд, аз тарафи мақомотҳои ваколатдор тибқи санадҳои меъёрии хукуки амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 ФАСЛИ 7. ТАРТИБИ НИГОҲДОРИИ САГҲО, ГУРБАҲО  ВА ҲАЙВОНОТИ БЕМАҲСУЛ

  1. Бо максади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳолати  санитарӣ  дар шаҳри Душанбе соҳибони сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул  барои риояи талаботхои зерин вазифадоранд:
  • қатъиян иҷро кардани қоидаҳои нигоҳубини  сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул;
  • пайваста дар ҳолати тозаву озода нигох доштани ҳуҷраҳои     сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул ва ҳудуди назди ҳуҷрагӣ;
  1. Қатъиян манъ карда шавад:
  • беназорат мондани сагу гурбаҳо дар ҳудуди ташкилоту корхонаҳо  ва ҳавливу биноҳои сераҳолӣ;
  • бароварда чаронидани ҳайвонот дар ҳудуди шаҳр, ба сайру гашт баровардани сагҳо бе дахонпуш дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва оббозӣ доштани сагҳо дар кӯлу каналу селпартовҳо ва ҷӯйборҳои шаҳр;
  • харидорӣ, фурӯш, ворид кардан ё ба каси дигар супоридани   сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул бе иҷозати бойтори (ветеринари) шаҳр;
  • бароварда партофтани поруҳо (ахлоти хайвонот) дар нуктахои партовпартоии шахраку махаллахо ва партовгоҳи шаҳр.

Шахрвандон ва шахсони масъуле, ки талаботхои банди мазкурро вайрон мекунанд, тибки санадхои меъёрии хукукии амалкунанда ба чавобгари кашида мешаванд.