Шиносномаи шаҳр

Маълумотҳои ҷуғрофиёӣ

Масоҳати шаҳри Душанбе то 01.01.2016 – 126,6 км мураббаъ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750 – 930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду тарафи соҳили дарёи Душанбе (дар қисмати болооби дарёи Варзоб) ҷойгир аст. Иқлимаш хушк.

Шаҳр дорои чор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.

Аҳолӣ

(ҳазор нафар)

(Тибқи маълумотҳои  барӯйхатгирии аҳолӣ)

                        Соли 1926 – 5,6;                               Соли 2000 – 562,0;

Соли 1939 – 82,6;                             Соли 2010 – 731,1;
Соли 1959 – 233,5;                           01.01.соли 2013 – 764,3
Соли 1970 – 376,2;                           01.01.соли 2014 – 775,8
Соли 1979 – 492,2;                           01.01. соли 2015 – 788,7
Соли 1989 – 594,1;                           01.01. соли 2016 – 802,2*

              Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ба ҳолати 01.01.с. 2016

НАҚЛИЁТИ ШАҲРӢ

(ба ҳолати 01.01.2016)

Миқдори кашондани мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ — 247,7 млн. нафар;
– бо автобус – 237,5 млн. нафар;
– бо троллейбус – 10,2 млн. нафар.

ХОҶАГИИ МАНЗИЛӢ–КОММУНАЛӢ

(ба ҳолати 01.01.2016)

Фонди манзил дар аввали сол, бо масоҳати умумии млн. метри мураббаъ – 9,2;
Муҷаҳҳазкунии фонди манзил бо фоиз ба тамоми масоҳати истиқоматӣ:

– бо лӯлаи оби ошомиданӣ – 66,5;
– бо лӯлаи оби канализатсия – 66,5;
– гармидиҳии мутамарказонидашуда – 66,4;
– таъмини оби гарм – 66,0;
– бо лӯлаи газ – 36,2;

Бо масрафкунандагони об дода шудааст, млн. метри мукааб – 59,7;
аз ҷумла:

– ба аҳолӣ – 44,4;
Миқдори меҳмонхонаҳо – 35;
–       ҷойи хоб дар онҳо – 2500;

САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӣ БА АҲОЛӢ

(дар соли 2015)

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, мототсиклҳо, асбобҳои рӯзғор ва ашёҳои истифодаи шахсӣ,
млн. сомонӣ – 3059,7;
аз ҷумла:
гардиши савдои ғайридавлатӣ – 3045,5;
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ, млн. сомонӣ – 3969,2;
Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ, млн. сомонӣ – 471,7;
Ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолии шаҳр, сомонӣ:
–гардиши савдои чакана – 3737,4;
–хизматрасонии маишӣ – 587,9.

ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ — ТАЪРИХӢ

  1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили    Сомонӣ;
  2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;
  3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;
  4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;
  5. Ҳайкали Абдулқосим Фирдавсӣ;
  6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;
  7. Ҳайкали Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  8. Нимпайкараи академик Б. Ғаффуров;
  9. Нимпайкараи Умари Хайём;
  10. Нимпайкараи Абдулқосим Лоҳутӣ;
  11. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БАРОДАРШАҲРҲО

  1. Клагенфурт (Австрия);
  2. Боулдер (ШМА);
  3. Ройтлинген (Олмон);
  4. Санкт – Петербург (Федератсияи Россия);
  5. Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон);
  6. Минск (Ҷумҳурии Белорус);
  7. Мазори Шариф (Ҷумҳурии исломии Афғонистон);
  8. Урумчӣ (СУАР ҶХЧ);
  9. Лаҳор (Ҷумҳурии исломии Покистон);
  10. Санъо (Ҷумҳурии Яман);
  11.  Монастир (Тунис);
  12. Лусака (Замбия);
  13. Шероз (Ҷумҳурии исломии Эрон);
  14. Анқара (Туркия);
  15. СЯМЭН (Ҷумҳурии Халқии Хитой)

МАОРИФ

(дар соли хониши 2015/2016)

Миқдори муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ — 23;
дар онҳо:
Донишҷӯён, ҳазор нафар – 103,6;
Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,7;
Миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ — 13;
дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 16,1;
Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 2,4;
Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва шабона)- 140;
дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 180,8;
Омӯзгорон, ҳазор нафар – 7,9;
Миқдори муассисаҳои томактабӣ — 124;
дар онҳо кӯдакон, ҳазор нафар – 27,4

ИЛМ

(ба ҳолати 01.01.2015)

Муассисаҳои илмӣ — 50;
– теъдоди кормандони илмӣ — 2071;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
– докторони илм, нафар – 271;
– номзадҳои илм, нафар –639.
аз ҷумла:
Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -17;
– теъдоди кормандони илмӣ — 1051;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
– докторони илм, нафар – 134;
– номзадҳои илм, нафар – 244.

ТЕАТРҲО

(ба ҳолати 01.01.2015)

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (ҷойи нишаст) – 500;
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ
(ҷой нишаст) – 502;
Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (ҷойи нишаст) – 223;
Театри давлатии Лӯхтак (ҷойи нишаст) – 280;
Театри озмоишии тамошобинони ҷавон ба номи М. Қосимов (ҷойи нишаст)–210;
Театри кушодаи «Падида» (ҷойи нишаст) – 350

ОСОРХОНАҲО

Дар шаҳр ҳамагӣ 9 музей вуҷуд дорад:
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар соли 2009 таъсис ёфтааст;
Осорхонаи бостоншиносӣ, дар соли 1996 таъсис ёфтааст;
Осорхонаи мардумшиносӣ, дар соли 1954 таъсис ёфтааст;
Осорхонаи мутаҳидаи ёдгорию адабӣ, дар соли 1981 таъсис ёфтааст;
-хона-музейи А. Лоҳутӣ, дар соли 1987 таъсис ёфтааст;
-хона-музейи М. Раҳимӣ, дар соли 1968 таъсис ёфтааст;
-хона-музейи М. Турсунзода, дар соли 1981 таъсис ёфтааст;
-хона-музейи С.Айни, дар соли 1978 таъсис ёфтаас;
Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқашиносии ба номи
З. Шаҳидӣ, дар соли 1991 таъсис ёфтааст.
ТОЛОРҲОИ КОНСЕРТӢ, СИРКИ ДАВЛАТӢ, КИНОТЕАТРҲО:

Муҷтамаи давлатии “Кохи Борбад” ҷойи нишаст – 2035;
Муҷтамаи давлатии “Ваҳдат”, ҷойи нишаст – 1714;
Филармонияи давлатӣ, ҷойи нишаст – 860;
Сирки давлатӣ, ҷойи нишаст – 1836.

КИТОБХОНАҲО

             Дар шаҳр ҳамагӣ 20 китобхонаи оммавӣ вуҷуд дорад, дар онҳо 3,12 млн. нусха  китоб  нигоҳдорӣ мешаванд.

Бузургтарин китобхонаи шаҳр: — Китобхонаи миллӣ — 3,11 млн. нусха;
Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар – 9,03 ҳазор нусха;
Системаи китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ — 653,4 нусха китоб.

НАШРИЯ

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:
– рӯзнома – 37;
– маҷала – 37.

ТАНДУРУСТӢ

Теъдоди беморхонаҳо – 43;
Кати беморони онҳо – 5447;
Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 6282;

Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 16.

ИНШООТҲОИ ВАРЗИШӢ

Стадионҳо – 8;
Толорҳои варзишӣ – 138;
Ҳавзҳои шиноварӣ – 13
Толорҳои теннисбозӣ – 4;
Майдони калони теннисбозӣ – 1 бо 2200 ҷой;
Майдонҳои футболбозӣ – 79;
Машқгоҳи тирандозӣ – 5;
Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 158;
Маҷмуаи варзиши қаиқронӣ – 1;
Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
Варзишгоҳи марказии Ҷумҳуриявӣ (Стадиони Фрунзе) – 24 ҳазор;
Стадиони Спитамен – 6 ҳазор;
Стадиони Авиатор – 2 ҳазор.

ЯК РӮЗИ ШАҲР
(ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз, аз рӯи миқдори рӯзҳои тақвимӣ дар соли 2015 аз рӯи маълумотҳои фаврӣ)

Истеҳсоли намудҳои муҳимтарини маҳсулот:
– нерӯи барқи истифодаи умум, млн. кв/соат – 1,05
– мебел (бо нархҳои қиёсӣ), ҳазор сомонӣ — 27,0;
– маҳсулоти дӯзандагӣ, ҳазор сомонӣ — 50,6;
– маҳсулоти ҷуробу пайпоқ, ҳазор ҷуфт – 2,1;
– пойафзол, ҳазор ҷуфт – 1,2;
– равғани растанӣ, тонна – 0,5;
– оби ҷав, ҳазор дал. – 0,05;
– арақ, ҳазор дал. – 0,04;
– папиросу сигор, млн. адад – 0,0;
– матои пахтагии тайёр, ҳазор метри мураббаъ – 21,1;
– гӯшт, тонна – 17,3.