Қонунҳои соҳавӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №10, мод. 160;
соли 2002, № 4, қ-1, мод. 167; соли 2003, №12, мод. 699; соли 2009, №3, мод.90)

Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ
Ин Қонун муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Мафҳуми хусусигардонӣ
Хусуссигардонӣ — фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оиди додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонӣ ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ асос меёбад.
Хусусигардонии моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он қарор дорад, тавассути ин Қонун танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ
Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ аз инҳо иборатанд:
қонунӣ будан;
ошкор будан;
баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад;
рақобат;
ворисияти ҳуқуқӣ ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.
Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардонӣ ваколатдор шудаанд
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо – Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, — Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;
идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;
тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро муқаррар менамояд;
оид ба масъалаҳои хусусигардонӣ қарорҳои оперативӣ қабул мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардонӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
Ваколатҳои Маҷлисҳои вакилони халқ, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 ин Қонун бармеоянд, бо қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 8. Объектҳои хусусигардонӣ
Объектҳои хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкунӣ, қарзҳо, ҳуқуқҳои истисноӣ, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд;
б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлатӣ ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;
в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудаанд) корхонаи давлатӣ;
г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.
Амволи давлатӣ аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 ин Қонун зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардонӣ табдил меёбад.
Моддаи 9. Объектхое, ки хусусӣ гардонида намешаванд
Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти махсуси давлатӣ мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихӣ ва сарвати миллӣ, биноҳо ва иншооти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, системаҳои оби нӯшокӣ, корхонаҳои мудофиа корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии «Норак», нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хусусӣ гардонида намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).
Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Номгӯи объектҳоеро, ки мутобиқи ин Қонун хусусӣ гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардонӣ
Ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ субъектҳои хусусигардонӣ мебошанд.
Ашхоси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардонӣ буда наметавонанд.
Тартиби ширкати ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ
Хусусигардонӣ ба шаклҳои зерин сурат мегирад:
а) ба савдо гузошта фурӯхтан;
б) аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар асоси озмун.
Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менунад.
Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурӯхтани объектҳои хусусигардонӣ
Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.
То гузаронидани савдо фурӯшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба ӯ оиди объекте, ки хусусӣ гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.
Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ
Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидорӣ хусусӣ гардонида мешаванд.
Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ аз инҳо иборат аст:
1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;
2) муайян намудани арзиши маҷмӯи амволии он;
3) муайян намудани андозаи маҷмӯи давлатии саҳмияҳои фурӯхташаванда;
4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохторӣ, технологӣ ва тағйироти дигари объект;
5) интихоби намуди хусусигардонӣ.
Иҷрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои инфиродӣ амалӣ мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
Моддаи 14. Коғазҳои қиматноки хусусигардонӣ
Бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардонӣ ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлатӣ аз коғазҳои қиматноки хусусигардонӣ истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.
Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоғазҳои арзишноки хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 141. Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оинномавӣ
Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;
— ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).
Моддаи 142. Ҳуқуқи махсус («саҳмияи тиллоӣ»)
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус – «саҳмияи тиллоӣ»).
Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тилоӣ») татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») намояндаи худро дар Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад.
Ҷамъияти саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба дорандаи худ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:
— оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;
— оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
— оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
— оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;
— дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.
Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар он давлат ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии коғазҳои қиматнок маълумот гирад.
Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.
Дар як вақт вобаста намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).
Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда
Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коғазҳои қиматнок медиҳад.
Моддаи 16. Маблағҳои аз хусусигардонӣ воридшаванда
Маблағҳои аз хусусигардонӣ ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.
Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлатӣ ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионалӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 161. Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардонӣ
Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ин Қонун
Барои вайрон кардани ин Қонун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душаибе 16 май соли 1997
№464

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №10, мод. 161)

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз лаҳзаи нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.

Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе 16 май соли 1997
№465

Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)

Бо Қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 марти соли 2004 № 98 
тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)

Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурўши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).

1. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:
— тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) — чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;
— музояда — намуди фурўши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;
— музоядачӣ — шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурўшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурўши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;
— супориши музоядавӣ — қарори фурўшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;
— номгўи музоядавӣ — номгўи лотҳои дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда, ки ба музояда гузошта мешаванд;
— комиссияи музоядавӣ — комиссияи аз тарафи фурўшанда таъсисёфта, ки ба назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда ваколатдор аст;
— рўзи бонкӣ — рўзи кории расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— тарзи ҳолландии савдо (музоядаи ҳолландӣ) — чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот нисбат ба нархи ибтидоии лот бо қадами эълоншуда то лаҳзаи рақами музоядавии худро якумин шуда бардоштани яке аз иштирокчиён паст карда мешавад;
— пардохти кафолатӣ — таъмин намудани ҷиддияти нияти иштирок дар музояда ва дар ҳолати ғолиб баромадан имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда ва бастани шартномаи хариду фурўш аз тарафи иштироккунанда;
— тахтаи эълонҳо -лавҳаи дар ҷои барои ҷамъият дастрас гузошташуда, ки дар он фурўшанда бояд иттилооти ба фурўши объекти ба савдо гузошташуда тааллуқдоштаро ҷой диҳад:
— аризадиҳанда — шахси ҳуқуқӣ ва воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки барои иштирок дар музояда хоҳиш дорад ва пардохти кафолатиро додааст;
— дархост — ҳуҷҷати намуди муқарраршуда, ки дар он иштироккунанда риоя намудани ҳамаи талаботи Низомномаи мазкурро изҳор мекунад;
— музоядаи пўшида — намуди музоядаи англисӣ, ки ҳангоми он иштироккунандагон пешниҳодҳои нархиро дар лифофаҳои сарпўшида манзур мекунанд;
— хабари иттилоотӣ — пешниҳоди расмии оммавии фурўшанда барои гузаронидани музояда, ки дар васоити электронӣ ва даврии ахбори умум интишор ёфтааст;
— лот — объекте, ки ба музояда гузошта мешавад. Дар ҳолати фурўши саҳмияҳо, теъдоди воқеии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии мушаххаси ба музояда гузошташаванда лот ҳисоб меёбад;
— нархи ибтидоии лот — нархе, ки бо он музоядаи ҳар як лот шурўъ мешавад;
— нархи фурўш — нархи охирини фурўши лот, ки дар ҷараёни гузаронидани музояда ҳосил шудааст;
— нархи ҳадди ақали лот — он нархе, ки объекти дар музоядаи ҳіолландӣ гузошташуда аз он пасттар фурўхта намешавад;
— резидент (резидентӣ) — шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои доимии иқоматдошта, аз ҷумла оне, ки муваққатан берун аз ҳудуди он қарор дорад, инчунин шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта ва аз қайд гузашта;
— ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) — шахси воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои иқомати доимӣ дошта (аз ҷумла онҳое ки мувақатан дар Тоҷикистон қарор доранд); шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисёфта ва амалкунандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ҳамчунин намояндагии хориҷии дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагии расмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;
— объект — объекти хусусигардонӣ, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар заминаи қисматҳо ва воҳидҳои сохтории аз таркиби ҷамъиятҳои саҳомӣ ҷудо шуда аз нав таъсисёфта; қисматҳои истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҳамчун маҷмўи амволӣ; амволи ҷудогонаи корхонаҳои давлатӣ;
— ташкилотчӣ — фурўшанда, корхонаҳои воҳид ё давлатие, ки аз тарафи фурўшанда таъсис ёфтааст, ё шахси ҳуқуқии дигари аз тарафи фурўшанда интихобшуда, аз ҷумла дар асоси озмун, ки ваколати ташкил ва гузаронидани музоядаро доранд;
— нархи баҳодиҳӣ — нархи объекте, ки мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ гардидааст, ба ҳисоб гирифта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
— ҳуҷҷати пардохтӣ — ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ менамояд (супориши пардохтӣ, ордери мемориалӣ, забонхати расмӣ).
— ғолиб — иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот дар музоядаи англисӣ пешниҳод намудааст ё аввалин шуда рақами музоядавиаш (байрақча)-ро дар музоядаи ҳолландӣ бардоштааст.
— харидор — ғолибе, ки бо фурўшанда шартномаи хариду фурўшро бастааст;
— низомнома — Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо;
— фурўшанда — мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои амалӣ сохтани фурўши объектҳои моликияти ба онҳо дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор кардашуда;
— нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
— савдо — ҷараёни фурўши объект дар музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ;
— иштироккунанда — шахси воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки бо услуби муқарраршуда барои иштирок дар музояда аз қайд гузаштааст.

II. Муқаррароти умумӣ

2. Ҳангоми фурўши объектҳо дар музоядаҳо қоидаҳои умумии зерин истифода бурда мешаванд:
— нархи ибтидоии объекти фуруши, ки ба музоядаи тарзи англисии савдо гузошта шуда, мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектіои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиѕ гардидааст, тибѕи ѕонунгузории ӣорҳ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).
3. Ҳангоми фурўши объект бо тарзи ҳолландии савдо:
— нархи ибтидоӣ бо роҳи зарб задани нарх, ки мутобиқи сархати якуми банди 2 муайян шудааст, бо коэффитсиенти баландкунанда муқаррар карда мешавад. Коэффитсиент аз тарафи фурўшанда муқаррар мегардад, ки бояд на камтар аз панҷ бошад.
— нархи ҳадди ақал ба андозаи пардохти кафолатӣ муқаррар карда мешавад.
4. Музояда дар сурати иштироки на камтар аз ду нафар гузаронида мешавад.
5. Ба натиҷаҳои музояда дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи гузаронида шудани он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз овардан мумкин аст.
6. Музоядаеро, ки бо вайрон кардани коидаҳои дар ин Низомнома муқарраршуда гузаронида шудааст, суд метавонад бо даъвои шахси манфиатдор, бекор кунад. Эътирофи бекор кардани савдо боиси бекор шудани шартномаи бо ғолиб басташуда мегардад.
7. Ҳар шахси хоҳишманд — метавонад нусхаи электронии ин Низомномаро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба таври ройгон аз сомонаҳои интернетии расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ, инчунин нусхаи чопии онро аз фурўшанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишон дода шудааст, дастрас намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
8. Ҳангоми фурўши объектҳои ба нақшаҳо ва барномаҳо дохилшуда, ҳамчунин фурўши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар музояда қоидаҳои зерини фурўш ба кор бурда мешавад:
— саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, дар музоядаи тарзи савдои англисӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш гузошта мешаванд;
— саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 10 фоиз кам мебошад ва дар музоядаи тарзи савдои англисӣ ба фурўш нарафтааст, метавонанд ба музоядаи тарзи савдои ҳолландӣ ба фурўш бароварда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

III. Вазифаҳои фурўшанда

9. Вазифаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳо:
— тақсими объектҳо ба музоядаҳои ҷудогона;
— муқаррар намудани сана ва ҷои гузаронидани музояда, ҳамзамон музоядаҳои ба фурўши объекти моликияти ҷумҳуриявӣ, ки дар нақшаҳо ва барномаҳо зикр шудаанд, танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
— риояи шартҳои зерин нисбати саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
дар музоядаи англисӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии алоҳида бо як ё якчанд теъдоди лотҳо ҳангоми яклухт (пурра) будани теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот гузошта мешаванд;
дар музоядаи ҳолландӣ маҷмўи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар як лот гузошта мешавад.
10. Вазифаҳои дигар:
— муайян намудани нархи ибтидоии лот;
— таҳияи супориши музоядавӣ;
— додани рақами музоядавӣ;
— тайёр кардани хабари иттилоотӣ;
— нашри хабари иттилоотӣ;
— нашри дигар иттилоот, рекламаи объектҳо ва қоидаҳои гузаронидани музоядавӣ;
— таҳияи корти музоядавӣ;
— тартиб додани комиссияҳои музоядавӣ;
— ташкили шиносоӣ бо объектҳои ба музояда гузошташаванда мувофиқи хоҳиши ҳар як шахс;
— мутобиқи талаботи ин низомнома нав кардани иттилоот дар тахтаи эълонҳо;
— дар ҳолатҳои дар ин низомнома пешбинишуда пас гирифтани объектҳо аз музояда;
— бурдани назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳо аз тарафи ташкилотчӣ;
— бастани шартномаҳои хариду фурўш бо ғолибони музоядаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
— амалӣ кардани ҳисобиҳо бо иштироккунандагон ва харидорон;
— амалӣ кардани ҳисобиҳо бо ташкилотчӣ;
— бурдани ҳисоби қайди музоядаҳо.
11. Фурўшанда ҳуқуқ дорад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нўҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми банди 10 нишон додашударо ба ваколати ташкилотчӣ вогузор кунад.
12. Ташкилотчӣ ҳуқуқи супоридани ваколатҳои ба ў вогузоршударо ба каси дигар надорад.
13. Фурўшанда метавонад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 10 омадаро ба мутахассисҳои соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо ҷомеа вогузор кунад.
14. Муносибатҳои байни фурўшанда ва ташкилотчӣ дар ташкил ва гузаронидани як ё зиёда музоядаҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилотчӣ муассисаи давлатии бо ин мақсад таъсисдодаи фурўшанда бошад, бо шартнома танзим мегардад. Дар чунин ҳолат муносибатҳои байни фурўшанда ва ташкилотчиро оиннома муайян мекунад.
15. Супориши музоядавӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
— номгўи объектҳое, ки ба музояда гузошта мешаванд;
— суроғаи объектҳо ва намуди асосии фаъолияти онҳо;
— тарзи гузаронидани савдо;
— мўҳлатҳои ниҳоии гузаронидани музояда ва рақами бақайдгирии музояда;
— андозаи лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ), миқдори лотҳо, теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот, нархи ибтидоии лот ҳангоми музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ дар ҳар кадом ҷамъияти саҳомӣ;
— ҷойи баргузории музояда (шаҳр ё ноҳия) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

IV. Тартиби тайёрӣ барои гузаронидани музояда

16. Номгўи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби гузаронидани муояда ҳангоми фурўши корхонаи давлатӣ:
— нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ; корхонаи давлатӣ;
— нусхаи баланси ҳисобдорӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
— санади нархгузории объект.
17. Ҳангоми фурўши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
— нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ;
— нусхаҳои эломи эмиссияи саҳмияҳо ва шаҳодатномаи қаёди эмиссия дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нусхаҳои баланси ҳисобдории ҷямъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
— санади нархгузории объект.
18. Ҳангоми фурўши амволи корхонаи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ ҳуҷҷатҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 391 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурўш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ» пешниҳод мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
19. Ҳангоми ташаккули комиссияи музоядавӣ:
— таҳия намудани лотҳо;
— тартиб додани супориши музоядавӣ;
— муқаррар намудани мўҳлат ва ҷои гузаронидани музояда;
— муайян намудани нархҳои ибтидоии лотҳо;
— муайян кардани тартиби супоридани пардохти кафолатӣ;
— дар васоити ахбори умум ба чоп расонидани хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музоядаҳо ва гузаронидани фаъолияти дигари ташвиқотӣ;
— тартиб додани корти музоядавӣ;
— шиносоӣ бо объектҳо бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолии музоядаҳо, ки фурўшанда ташкил кардааст;
— бақайдгирии иштирокчиён (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссияи музоядавӣ

20. Барои амалӣ кардани назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда оид ба фурўши объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ фурўшанда комиссияро дар ҳайати 7 нафар таъсис медиҳад:
— ба комиссия намояндагони фурўшанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
— ба комиссия намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи на пасттар аз муовини Раиси Кумита, роҳбарӣ мекунад (раиси комиссия) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
— муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзон комиссия дар ҷаласаи комиссия интихоб карда мешавад;
— котиби комиссия намояндаи
— Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,мебошад (яке аз аъзоёни комиссияи музоядавӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
— фурўшанда бояд ҳар сол на камтар аз 30 % аъзоёни комиссияро иваз намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
21. Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, метавонад комиссияҳои назорати рафти ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурўши объектҳои моликияти ҷумҳуриявиро дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти адлия, иқтисод, молия ва андоз ташкил намояд. Раиси комиссия дар сатҳи муовини раиси вилоят (шаҳр ё ноҳия) муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
22. Барои амалӣ кардани рафти назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурўши объектҳои моликияти коммуналӣ фурўшанда як ё якчанд комиссия ташкил мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти минтақавии идоракунии амволи давлатӣ, мақомоти молия, иқтисод ва адлия шомил мешаванд. Ҳайати комиссия бо қарори раисони ВМБК, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
23. Қарорҳои комиссия бо овозҳои аксарияти аъзоҳои ҳузурдоштаи комиссия қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда мебошад.
24. Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисоб мешавад, ки дар кори он на кам аз чор нафар аъзоён иштирок намоянд.
25. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқи мулоҳизаи махсусро дорад, ки онро вай ба раиси комиссия ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд. Мулоҳизаи махсуси ҳар як аъзои комиссия дар протоколи комиссия музоядавӣ сабт мегардад.

VI. Хабари иттилоотӣ

26. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурўши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмонашон нотамом як маротиба на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
— Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурўши воситаҳои асосии манқули давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо,-таҷҳизоту воситаҳои компютерӣ, мебелу инвентар ва дигар воситаҳои манқул), амволи ҳабсгардида, ба фоидаи давлат мусодирагардида, пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга як маротиба на дертар аз 15 рўзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурўшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
27. Хабари иттилоотӣ оид ба фурўши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмони нотамом бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурўшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
28. Дар бахши объектҳои моликияти коммуналӣ хабари иттиоолотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми қаламрави ҳамин минтақа паін мешаванд, интишор карда мешавад.
29. Саҳифаҳои рўзномаҳо бо хабари иттилоотии дар онҳо нашршуда на дертар аз як рўзи баъди интишори онҳо дар тахтаи эълонҳо ҷой дода шуда, на барвақттар аз гузаштани як рўзи баъди гузаронидани музояда аз тахтаи эълонҳо гирифта мешаванд.
30. Хабари иттилоотӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
— ном, суроға, телефони фурўшанда ва ташкилотчӣ;
— сана, ҷой, вақти гузаронидан ва рақами музояда;
— номгўи, маҳалли ҷойгиршавии объект;
— фаъолияти асосии объект;
— ҳаҷми лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ) дар ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;
— тарзи гузаронидани музояда;
— нархҳои ибтидоии лотҳое, ки ба фурўш гузошта мешаванд;
— нархи пасттарини лотҳо дар музоядаи ҳолландӣ;
— ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва тартиби супоридани он;
— хаҷми боҷи комиссионӣ;
— телефонҳо ва суроғаҳо, ки тавассути онҳо хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагӣ бигиранд;
— маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди фурўшанда.
31. Фурўшанда ба эътимоднок будани маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ интишор гардида ҷавобгў намебошад.

VII. Пардохти кафолатӣ

32. Пардохти кафолатӣ таъмини ўҳдадориҳои зерини иштироккунанда мебошад:
— имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда дар сурати ғолиб эълон гардидани ў;
— бастани шартномаи хариду фурўш мутобиқи протоколи натиҷаҳои музояда;
— пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми бақайдгирӣ ба сифати иштироккунандаи музояда.
33. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:
— 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот дар музоядаи англисӣ ҳангоми фурўши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ ва маҷмўъҳои амволӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
— 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурўши мошинҳо, механизмҳо ва дигар воҳиди амвол дар музоядаи англисӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
— 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурўши объектҳо дар музоядаи ҳолландӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
34. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рўзи пардохти он гузарондан мумкин аст.
35. Иштироккунанда ҳуқуқ дорад бо як ҳуҷҷати пардохти теъдоди номаҳдуди пардохтҳои кафолатиро супорад, ҳамзамон як пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.
36. Пардохти кафолатӣ мумкин аст ба таври нақдӣ ё ғайринадӣ супорида шавад.
37. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як рўз пеш аз шурўъи музояда қатъ мешавад.
38. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври нақд аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як соат пеш аз шурўъи музояда қатъ мешавад.
39. Пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ, ҳамон вақт супорида ҳисоб мешавад, ки иштироккунанда ҳуҷҷати пардохтии тасдиқкунандаи супоридани пардохти кафолатиро ҳамроҳи худ дошта бошад.
40. Пардохти кафолатии харидор ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаи хариду фурўш анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.
41. Иштироккунандае, ки ғолиби музояда нашудааст, ҳуқуқ дорад ба тариқи хаттӣ аз баргардонидани пардохти кафолатӣ, бо мақсади истифодаи маблағи мазкур барои иштирок дар музоядаҳои минбаъда, даст кашад.
42. Пардохти кафолати дар ҳолатҳои зерин пас гардонида намешавад:
— даст кашидани ғолиб аз имзои протоколи натиҷаҳои музояда ё аз бастани шартномаи хариду фурўш;
— иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ўҳдадориҳои шартномаи хариду фурўш;
— ҳангоми пешниҳоди нархи ба андозаи аз ҳаҷми панҷкаратаи нархи ибтидоии объект камтар дар музоядаи пўшида аз тарафи иштироккунанда;
— ҳангоми ошкор намудани номувофиқии иштироккунанда ба талаботе, ки ин Низомнома аз ў талаб менамояд.
43. Ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 41 ва 42 нишон додашуда, пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар муддати 5 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаронидани музояда ё дар муддати 5 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаштани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби фурўшанда дар ҳолате ки он баъди гузаронидани музояда дохил шудааст, баргардонида мешавад.
44. Дар ҳолате, агар пардохти кафолатии иштироккунанда аз андозаи пардохтҳои кафолатии лотҳо, ки дар онҳо вай ғолиб эълон шуда буд, зиёд бошад, ҳаҷми пардохти кафолатии аз талабшаванда зиёд ба ҳисоби пардохтҳои дар пешистода ҳангоми хариди лотҳо гузаронида мешавад, ё бо хоҳиши иштироккунанда бо асъоре, ки пардохти кафолатӣ супорида шуда буд, баргардонида мешавад.

VIII. Рекламаи музояда ва дастраскунии маълумот ҳангоми шиносоӣ бо объект

45. Рекламаи музоядаро метавонад худи фурўшанда ё ташкилотчӣ бо мувофиқа бо фурўшанда амалӣ намояд.
46. Реклама ба шакли озод ташкил шуда бояд ба ҷалби махсусан васеи иштироккунандагон нигаронида шавад.
47. Маьлумот дар реклама бояд саҳеҳ бошад ва ба иттилооти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда мухолифат накунад.
48. Дар ҳолати мухолифати маълумоти дар реклама буда ва хабари иттилоотӣ, маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда ҳамчун асос гирифта мешавад. Чунин мухолифат барои бекор кардани музояда ё гирифтани объект аз музояда асос шуда наметавонад.
49. Маълумоти муфассалтарро назар ба маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда, оид ба ҳолати молиявӣ ва техникии корхона, ҳангоми шиносоӣ бо объект аз маъмурияти корхона гирифтан мумкин аст.
50. Нусхаи баланси ҳисобдории ҷамъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст дар ихтиёри фурўшанда мебошад ва ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад.
51. Баъди нашри хабари иттилоотӣ фурўшанда, ташкилотчӣ ва маъмурияти объект вазифадоранд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон шарт ва маҳдудкунӣ, дастрасӣ ба корхона ва маълумот дар бораи он, аз ҷумла дар ҳолати фурўши саҳмияҳо нусхаи эъломи эмиссияро низ таъмин намоянд.
52. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нашудани маълумот, фурўшанда метавонад ҷазои интизомиро нисбати роҳбари корхона истифода барад.

IX. Бекор кардани музояда ва гирифтани объект аз музояда

53. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳаштум ва нуҳуми банди 30-и ин Низомнома нишон додашуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ин бандҳо байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурўшанда на дертар аз 3 рўз то рўзи баргузоршавии музояда ин музоядаро метавонад бекор намояд ва хабари бекоршавии онро дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ нашр шуда буд, интишор мекунад.
54. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтуми банди 30-и ин Низомнома зикршуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ни сархатҳо дар байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурўшанда на дертар аз 3 рўз то рўзи баргузоршавии музояда метавонад объектро аз музояда пас гирад ва дар хусуси бозпас гирифтани объект дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ чоп шуда буд, маълумот нашр мекунад.
55. Дар ҳолатҳое, ки фурўшанда музоядаро дар мўҳлати аз 3 рўз пештар то рўзи баргузоршавии он бекор менамояд ў вазифадор аст зарари воқеиро барои иштирокчиёни музояда дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷуброн намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).
56. Дар ҳамаи ҳолатҳои бекоркунии музояда ё бозпас гирифтани иншоот аз музояда фурўшанда вазифадор аст хабарро дар ин бора дар тахтаи эьлонҳо дар рўзи қабули чунин қарор ҷой диҳад.
X. Иштироккунандагони музояда
57. Барои иштирок дар музояда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки мувофиқи тартиби дар фасли XI ин Низомнома муайяншуда аз қайд гузаштаанд, роҳ дода мешаванд.
58. Инҳо иштирокчиёни музояда шуда наметавонанд:
— шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст;
— кормандони фурўшанда ва ташкилотчии музояда, инчунин аъзоёни комиссияи музоядавӣ;
— ғолибони музоядаҳои қаблӣ ё намояндаҳои қонунии онҳо, ки ўҳдадориҳои пешбининамудаи ин Низомномаро иҷро накардаанд, онҳое, ки аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳои минбаъда ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи баргузоршавии музоядаи дар он ғолиб эълон шуда, маҳрум карда шудаанд;
— иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кўшиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳо маҳрум карда мешаванд.
59. Фурўшанда, ташкилотчӣ ва комиссияи музоядавӣ ҳуқуқ надоранд, ки:
— аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он лоти дар музояда гузошташуда талаб намоянд;
— пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагиро барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар ин Низомнома номбаршуда талаб намоянд;
— иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони музояда иртибот дорад ё ба рафти музояда ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад ошкор намоянд.

XI. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда

60. Иштироккунандагон ба толори музояда бо манзур намудани пойгир дар бораи тасдиқи қайди иштироккунанда ва шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият роҳ дода мешаванд.
61. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда аз рўзи интишори хабари иттилоотӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ оғоз шуда як соат пеш аз саршавии музояда ба поён мерасад.
62. Бақайдгирӣ дар дафтарҳои махсуси ҳар саҳифааш рақамгузорӣ шуда ва бо ришта дўхташудаи қайди иштироккунандагони музояда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоҳида аз рўи шартҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда бурда мешавад.
63. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии резидентӣ бояд пешниҳод намояд:
— дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурўшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад. Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
— шиноснома ё ҳуққати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
— нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
— ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад;
— иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
64. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии ғайрирезидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
— ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, сеюм, чоруми банди 63 зикршуда;
— шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
— иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
65. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии резидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
— дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
— нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
— ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
— нусхаҳои бо мўҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
— дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шудани ў;
— иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
66. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии ғайрирезидентӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
— ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 65 зикршуда;
— нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқи имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
— нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
— иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;
— дар ҳолати иштироки шахси аввал, нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шуданн ў.
67. Фурўшанда ё ташкилотчӣ қуқуқ надоранд, ки шахсони ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 63, 64, 65 ва 66 нишон додашудадоштаро ба қайд нагиранд.
68. Ба шахсе, ки аз қайд гузаштаааст, чунин ҳуҷҷатҳо дода мешавад:
— пойгири дархост — тасдиқи аз қайд гузаштан аз рўи шакли дар замимаи 4 зикршуда;
— корти музоядавӣ;
— нусхаи ин Низомнома бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ мувофиқи интихоби иштироккунанда;
— рақами музоядавӣ (байрақча).
69. Баъди ба поён расидани музояда иштироккунандагон ба ташкилотчӣ нусхаи ин Низомнома ва рақами музоядавӣ (байрақча)-ро месупоранд.
70. Истифода бурдани рақами музоядавӣ аз тарафи шахси дигар, дар ҷараёни музояда манъ аст.

XII. Гузаронидани музояда

71. Музоядаро музоядачӣ мегузаронад.
72. Музояда аз эълони қоидаҳои гузаронидани музояда оғоз мешавад.
73. Музояда аз рўи ҳар як лот бо эълони музоядачӣ дар бораи объекти фурўш, тавсифи кўтоҳи он, усули гузаронидани музояда, нархи ибтидоӣ ва қадами тағйирёбии нарх оғоз мешавад.
74. Мунтазамии гузоштани лотҳо дар музояда бояд ба тартиби дар хабари иттилоотӣ муқарраршуда мувофиқат кунад.
75. Ду қадами якуми тағйирёбии нархҳо дар ҳаҷми 5% аз нархи ҷории лот муқаррар мешавад. Музоядачӣ ҳуқуқ дорад мустақилона қадамҳои минбаъдаро эълон намуда, нархро дар доираи аз 5% то 10% нархи ҷории лот тағйир диіад.
76. Иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кушиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда, ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музояда маҳрум карда мешаванд.
77. Натиҷаҳои музояда аз рўи ҳар як лоти фурўхташуда бо протоколи аз тарафи комиссияи музоядавӣ, музоядачӣ ва ғолиб имзошуда баъди ба поён расидани музояда аз рўи ҳар лот таҳия мешавад (замимаи 5). Музоядачӣ ҳуқуқ дорад, ки барои ба имзо расонидани протокол танаффус эълон намояд. Як нусхаи протокол ба харидор дода хоҳад шуд.
78. Протокол дар се нусха таҳия мешавад, яктогӣ барои фурўшанда, харидор ва комиссияи музоядавӣ.
79. Комиссияи музоядавӣ бояд ба фурўшанда як нусхаи протоколро оид ба натиҷаҳои музояда на дертар аз як рўзи баъди музояда сипаришуда диҳад.
80. Протоколи натиҷаҳои музояда аз рўи лоти мазкур ҳуҷҷатест, ки натиҷаҳои музояда, инчунин ўҳдадории ғолиб ва фурўшандаро барои аз рўи нархи фурўш бастани шартномаи хариду фурўши объекти хусусигардонӣ сабт мекунад.
81. Ғолиб ё фурўшанда вазифадоранд шартномаи хариду фурўшро дар мўҳлати на зиёдтар аз 10 рўзи бонкӣ аз рўзи имзошавии протокол, ба имзо расонанд.
82. Дар сурати даст кашидани фурўшанда аз бастани шартнома харидор ҳақ дорад ба суд дар хусуси маҷбуран бастани шартнома, инчунин ҷуброни зарарҳое, ки бинобар саркашӣ намудани фурўшанда аз бастани шартнома ҳосил шудаанд, муроҷиат намояд.
83. Дар сурати даст кашидани комиссия аз имзои протокол, ташкилотчӣ вазифадор аст пардохти кафолатиро баргардонад, инчунин ба шахси дар савдо бурд карда товони зарари аз иштирок дар савдо ба даст омадаро ба маблағи 20 фоиз аз пардохти кафолатӣ зиёд ҷуброн намояд ва объекти мазкур ба музояда дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).
84. Дар сурати даст кашидани ғолиби музояда аз имзои протоколи натиҷаи музояда ё бастани шартномаи хариду фурўш, объекти фурўхташуда ба музояда аз нав дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.
85. Дар музояда ба сифати нозирон ҳуқуқ доранд кормандони васоити ахбори умум ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
86. Аз рўи натиҷаи ҳар музояда протоколи ҷамъбастӣ бо шакли дар замимаи 6 омада, тартиб дода мешавад.
87. Нусхаҳои протоколи ҷамъбастӣ:
— дар тахтаи эьлонхо то охири рўзи баргузории музояда ҷой дода шуда, бояд муддати 10 рўз он ҷо монанд;
— барои ҳамаи иштироккунадагони хоҳишманд, ки ба шўъбаи умумии фурўшанда муроҷиат кардаанд, аз рўзи аввали кории баъди гузаштани музояда бояд дастрас бошад.

XIII. Музоядаи англисӣ

88. Музоядачӣ нархи ибтидоии лот ва қадами зиёдкунии нархро эълон мекунад.
89. Дар сурате, ки ду ё зиёда иштироккунандагон рақамҳои худро дар як вақт боло мекунанд, музоядачӣ нархи ибтидоии лотро ба қадами эълоншуда баланд мекунад. Музоядачӣ рақамҳои музоядавии иштироккунандагони музоядаро эълон менамояд, нархро устувор намуда баландкунии онро пешниҳод мекунад.
90. Музояда аз рўи лот то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки як иштироккунандаи нархи баландтаринро пешниҳоднамуда монад. Музоядачӣ рақами музоядавии иштироккунандаеро, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, эълон мекунад.
91. Музоядачӣ се маротиба нархи охирини лотро такрор намуда баъди набудани рақамҳои болошуда бо зарбаи болғача фурўхта шудани лоти мазкурро эълон мекунад.
92. Ҳангоми 5 маротиба зиёд шудани нархи ибтидоии лот комиссияи музоядавӣ музоядаро боздошта байни иштироккунандагоне, ки ба лот 5 маротибаи нархи ибтидоӣ ва аз он зиёдро пешниҳод намудаанд, музоядаи пўшида мегузаронад.
93. Музоядаи пўшида ҳамон рўз баъди ба поён расидани музояда аз рўи лотҳои боқимонда гузаронида мешавад.
94. Ҳангоми гузаронидани музоядаи пўшида иштироккунандагон нархи лоти мазкурро ба таври хаттӣ дар лифофаи сарпўшида пешниҳод менамоянд (замимаи 7).
95. Комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодот дар ҳузури иштироккунандагони лоти мазкур, худи ҳамон рўз мекушояд.
96. Нархи дар лифофа нишон додашуда бояд аз ҳаҷми панҷ каратаи нархи ибтидоӣ кам набошад.
97. Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, ғолиби музояда дар лоти мазкур дониста мешавад.
XIV. Музоядаи ҳолландӣ
98. Музоядачӣ нархи ибтидои лотро эълон намуда харидани онро ба иштироккунандагон пешниҳод мекунад.
99. Агар ҳангоми эълон намудани нархи ибтидоӣ ду ва ё иштироккунандагони зиёдтари хоҳишманди
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУН
«ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
ФАСЛИ 1. ИҶОРА
ҚОИДАҲОИ УМУМИ ДАР БОРАИ ИҶОРА

Моддаи 1. Иҷора
Иҷора ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос беҳтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.
Иҷора дар асоси шартнома ба мўҳлати муайян бо подош ихтиёрдори ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табии, корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хоҷаги ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.
Моддаи 2. қонунҳои оиди иҷора
Муносибатҳои иҷоравиро дар ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкур ва дигар актҳои қонунии ҶШС Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 3. Соҳа ва обьектҳои иҷора
Иҷора дар ҳаммаи соҳаҳои хоҷагии халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.
Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:
а) замин ва дигар захираҳои табии;
б) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияҳо, истеҳсолот, цехҳо ва дигар соҳаҳои корхонаю ташкилотҳо, ҳамчунин комплексҳои ягонаи молу мулки фондҳои истеҳсоли ва дигар сарватҳо;
в) биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом, дигар сарватҳои модди.
қонуни ҷШС Тоҷикистон намудҳои (гурўҳҳои) кохонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо ва намудҳои амволеро, ки ба иҷора дода намешаванд, муқаррар мекунад.
Моддаи 4. Иҷорадеҳон
Мулкдор молу мулкашро аз ҷумла ба шахсони юридики ва воқеии хориҷи иҷора дода метавонад. Дар мавриди моликияти давлати бошад, ин ҳуқуқ вобаста ба шакли моликият ба мақомоти идораи амволи давлати ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дода шудааст. Корхонаҳои давлати, ташкилотҳои кооперативи, ҷамъияти ва дигар ташкилотҳо ҳуқуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёри пурраи хоҷаги ва ё идораи оперативии онҳо мебошад, ба иҷора диҳанд ва мулкдорро аз ин ҳатман воқиф гардонанд.(Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Замин ва дигар захираҳои табииро Маҷлисҳои вакилони халқ дахлдор ба иҷора медиҳанд, аз ҷумла дар асоси озмун. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Колхозу совхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ заминҳои ба ихтиёри худ гирифтаро метавонанд мустақилона ба иҷора диҳанд.
Моддаи 5. Иҷорагирон
Шахсони юридики ва шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқи бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватани ва хориҷи, ҳамчунин давлатҳои хориҷи, ташкилотҳои байналхалқи, шахсони ҳуқуқи ва воқеи иҷорагир буда метавонанд. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 6. Иттиҳодияҳои иҷорагирон
Иҷорагирон ҳуқуқ доранд, ки ихтиёри ассоциация, иттифоқҳо, консорциумҳо, концернҳо ва дигар иттиҳодияҳо барпо карда, фаъолияти онҳоро бо пул таъмин намоянд, аз онҳо мувофиқи оиннома озодона бароянд, ба ин иттиҳодияҳо, қатъи назар аз шакли моликияти истеҳсолоташон, ҳар як коллектив ва гражданин дохил шуда метавонад. Иҷорагирон дар навбати худ ҳуқуқ доранд бо ризоияти иттиҳодияҳо ба ҳар яки онҳо дохил шаванд.
Моддаи 7. Шартномаи иҷора
Шартномаи байни иҷорагиру иҷорадеҳ ҳуҷҷати асосие мебошад, ки муносибати байни онҳоро танзим мекунад. Он дар асоси ихтиёри ва баробарҳуқуқии пурраи тарафҳо имзо карда мешавад.
Шартномаи иҷора инҳоро пешбини мекунад: таркибу арзиши молу мулки ба иҷора додашаванда, андозаи иҷорапули, мўҳлати иҷора, тақсими вазифаҳои тарафҳо дар бобати пурра барқарор ва таъмир кардани молу мулки иҷорави, вазифаи иҷорадеҳ дар хусуси ба иҷорагир додани амвол дар ҳолате, ки ба шартҳои шартнома мувофиқ бошанд. Вазифаи иҷорагир дар бобати мувофиқи талаботи шартном истифода бурдани молу мулк, масъулияти иҷорагир дар бахши сари вақт додани иҷорапули ва баьди ба охир расидани мўҳлати шартнома ба иҷорадеҳ баргардонидани молу мулк дар ҳолати пешбиникардаи шартнома, шартҳои харида гирифтани амволи иҷора ва дигар шартҳои моҳиятнок.
Ба шартномаи иҷора вазифаи иҷорадеҳ дар бобати таъминоти моддию техники, расонидани ёри барои тараққиёти истеҳсолот татбиқи комъёбиҳои илму техника ва иехнологияи пешқадам, нав кардани техникаи истеҳсолот, тараққиёти иҷтимои, расонидани кўмаки ахборотию машварати ва дигар хел ёриву мадад, мададгори дар боби тайёр кардани кадрҳо, муҳайё намудани шароити зарурии истифодаи самарабахши молу мулки ба иҷора гирифташуда ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он дохил шуда метавонад.
Арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда дар шартнома бо назардошти баҳои амвол дар лаҳзаи ба иҷора супоридани вай бо қимати боқимонда, барқароршуда ё бозори муайян карда мешавад. Давоми мўҳлати хизмати амволи ба иҷора додашда бо созиши тарафайн на зиёда аз мўҳлати нави хўрдашавии пурраи он, ки ба нормаи амортизация мутобиқат мекунад, муқаррар карда мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Тарафҳо дар сурати иҷро накардан ва ё пурра иҷро накардани ўҳдадориҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла барои яктарафа тағйир додан ва вайронкунии шартнома дар асоси қонун ва шартнома ҷавобгаранд.
Дар мавриди кифоя набудани васоити иҷорадеҳе, ки амволи корхонаи давлатиро (воҳиди структурии иттиҳодияро) ба иҷора супурдааст аз рўи ўҳдадориҳо дар назди иҷорагир соҳиби молу мулки дахлдор ҷавобгар мебошад.
Моддаи 8. Иҷорапули
Иҷорапули аз ҳиссаҷудокунии амортизационии арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда ташкил меёбад. ҳангоми ба иҷора додани замин ва дигар сарватҳои табии ҳаққи амортизация гирифта намешавад. Андозаи ҳиссаҷудокунии амортизацияро, ки ба иҷорапули дохил мешавад, шартномаи иҷора дар асоси тақсими вазифаҳои дар он пешбинигардидаи тарафҳо дар бобати таҷдиди молу мулки иҷорави ва маблағи фоизи иҷро (қисми фоида), ки мутобиқи шартнома ба дараҷаи маъмулан на камтар аз фоизи бонк муқаррар карда шавад муайян мекунад. Иҷорапули ҳамчунин маблағҳоеро дар бар гирифта метавонад, ки иҷорагир ба иҷорадеҳ барои таъмири объекиҳо баъди анҷоми мўҳлати иҷораи онҳо медиҳад. Иҷорапули як қисми фоидаро (даромадро) дарбар мегирад, ки он аз истифодаи барои ҷамъият зарури молу мулки иҷорави (фоизи иҷора), ки шартнома маъмулан ба дараҷаи камтар аз фоизи банк муайян мекунад, ҳосил шуда метавонад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Иҷорапули метавонад барои тамоми молу мулки иҷорави яклухт ва ё алоҳида аз рўи ҳар объект дар шаклҳои асли, пули ва ё омехта муқаррар шавад. Шарту мўҳлати супоридан ва ҳисоби гузаронидани иҷорапулиро шартнома муайян мекунад.
Андозаи иҷорапули:
бо маслиҳати тарафайн бинобар дигар шудани шароити хоҷагидори;
бинобар тағйир ёфтани нарх, тариф ва ҳаҷми фоизи бонк тағйир ёфта метавонад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Иҷорапули барои истифодаи иншоотҳои моликияти давлати вобас¬та ба шакли моликият барои иншоотҳои моликияти ҷумҳурияви ба буҷети ҷумҳури, барои иншоотҳои моликияти коммунали бошад,—ба буҷети маҳалли пардохта мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 9. Моликият ҳангомн иҷора
Ба иҷора додани молу мулк боиси додани ҳуқуқи моликгят ба ин амвол намегардад.
Маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир аз истифодаимолу мулки иҷорави ба даст овардааст, моликияти ў мебошад. Сарватҳои модди ва дигар сарватҳои ба таркиби молу мулки иҷора дохилнашаванда, ки иҷорагир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ба даст овардааст ё харидааст, низ моликияти иҷорагир мебошанд.
Агар дар шартномаи иҷора дигар шарт пешбини нашуда бошад, ҳар чизи барои беҳбудии молу мулки иҷора харида ё сохташуда моликияти иҷорагир мебошад. Дар мавриде, ки иҷорагир беҳбудиро аз ҳисоби маблағи худ бо иҷозати иҷорадеҳ анҷом дода бошад ва ин барои молу мулки иҷора (тармиму азнавсозии бино ё иншоот ва гайра) зарар нарасонда бошад, вай ҳуқуқ, дорад, ки баъди ба охир расидани мўҳлати шартномаи иҷора арзиши ин беҳбудикориро гирад, агар дар ин шартнома дигар хел шарт пешбини нашуда бошад.
ҳангоми ба иҷора гирифтани корхона ва дигар комплексҳои ягонаи молу мулк иҷорагир ба гирифтани арзиши беҳбудикории ҷудонопазири молу мулки иҷора, ки аз ҳисоби маблағи худаш, сарфи назар аз он ки ичорадеҳ ба иҷрои чунин корҳо иҷозат додааст ё не ҳуқуқ дорад, агар дар шартнома шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад.
Беҳбудикориҳое, ки (ҳам қобили ҷудошави ва ҳам ҷудонопазир) аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии амортизациони аз молу мулки иҷора анҷом дода шудаанд, моликияти иҷорадеҳ буда, ба арзиши молу мулки иҷора зам мешаванд.
Агар ҳолати молу мулке, ки баъди анҷоми амали шартнома баргардонда мешавад, аз вазъи пешбинишуда бадтар бошад, иҷорагир ба иҷорадеҳ товони зиёнро дар асоси қонунҳои ҷори медиҳад.
Агар молу мулки иҷора бо гуноҳи иҷорагир пеш аз мўҳлати амортизациони аз кор барояд, иҷорагир ба иҷорадеҳ иҷорапулии пурраи он, инчунин товони зарарро мувофиқи қонунгузории ҷори медиҳад. Агар иҷорагир молу мулки ба иҷора гирифташударо баъди анҷоми мўҳлати истифода, ки он дар шартнома пешбини шудааст, истифода барад, иҷорадеҳ ба иҷоракор подоши дахлдорро медиҳад, агар дар шартнома дигар хел талабот пешбини нашуда бошад.
Моддаи 10. Харидани молу мулки иҷора
Иҷоракор бо розигии иҷорадеҳ метавонад молу мулки иҷораро пурра ва ё қисман харида гирад. Шарт, тартиб ва мўҳлати хариданро шартномаҳои иҷора ва харид муайян мекунанд. Баҳсҳои оиди ин масъалаҳоро суди иқтисоди ё суд ҳал менамоянд. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Шартномаи иҷораи амволи давлати бо назардошти минбаъд харидани он бо мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлати ё бо мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукумат) баста мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Арзиши амволи ба иҷорагирифтаи давлатиро, ки харидори мешавад. Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳал (ҳукумат) муайн мекунад.(Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Дар қонунгузории ҷШС Тоҷикистон мавридҳои маҳдуд ё манъ кардани харидани молу мулки иҷора пешбини шуда метавонанд.
Иҷорадеҳ ҳақ дорад дар шартномаи харид ба муддати муайян шартҳо пешниҳод намуда, ин ё он ҳуқуқу ўҳдадориҳои харидорро (иҷорагирро) муайян намояд. Ба ҷумлаи чунин шартҳо аз ҷониби харидор қабул шудани ўҳдадориҳои зайл дохил шуда метавонанд;
бо маҳсулот ҳисобу китоб кардани арзиши молу мулки харида маҳсулоте, ки бе амволи харидашуда истеҳсол мешавад;
ба истеьмолкунандагон дастрас кардани як қисми маҳсулоти бо амволи харидашуда истеҳсол гардида, ки фурўшандаи молу мулк муайян мекунад;
дар мўҳлати муайян тағйир надодани навъи маҳсулоте, ки бо амволи харидашуда истеҳсол мегардад;
нафурўхтани молу мулки харидашуда;
риояи дигар ўҳдадориҳои харидори молу мулк, ки шартномаи харид пешбини кардааст.
Шартномаи харид инчунин шартҳои харидори молу мулкро низ дар назар дошта метавонад, ки он фурўшандаи молу мулкро вазифадор менамояд дар давран муайян таъминоти моддию техники ва бозории фурўши маҳсулоти дар мулки харидашуда истеҳсол кардашавандаро таъмин намояд, ба инкишофи фаъолияти истеҳсоли, илмию техни¬ки ва иҷтимоии харидори молу мулк ва фаъолияти иқтисодии беруни мусоидат намояд.
Амвол дар асоси мавҷудият ва ҳолати воқеии он бо роҳи ба иҷорадеҳ бақияи арзиши амволро супурдани иҷорагир, ки иҷорааш то анҷоми мўҳлати амортизатсия ва нархгузоришуда қатъ гардидаст, харидори ме-шавад. ҳолати амвол аз рўи натиҷаи инвентаризатсия ва фактҳои дигаре, ки ба арзиши боқимонда таъсир мегузоранд, муқаррар карда мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Барои харидани молу мулк ҳамагуна васоите, ки корхонаи иҷорави мувофиқи қонун дар ихтиёри худ дорад, манбаъ шуда метавонад.
ҳуқуқи моликияти корхонаи иҷора, ки амволро харидааст, аз рўзи имзо шудани санади хариду фурўш оғоз меёбад. Ин санад баъди пардохтани маблағи харидашуда ва боҷи давлати дода мешавад. Пас аз пурра супурдани пули хариди амвол шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Баъди харидани молу мулки ба иҷора гирифта шуда корхонаи иҷора бо қарори коллективи меҳнати ба кооператив, ҷамъияти акционери ва ё дигар корхонае табдил ёфта метавонад, ки дар асоси моликияти коллективи амал мекунад ва оинномаи худ. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 11. Муайян кардани самти фаъолияти хоҷагии иҷорагир
Иҷорагир мувофиқи шартномаи иҷора самтҳои фаъоляти хоҷагиашро мустақилона муайян мекунад ва маҳсулоту даромадашро бо салоҳдиди худ ихтиёрдори менамояд.
Иҷорагир берун аз доираи ўҳдадориҳои шартномавиаш дар фаъолияти хоҷагидори пурра озод мебошад.
Моддаи 12. Мўҳлати иҷора
Мўҳлати иҷораро шартнома муайян мекунад. Дар айни замон иҷораи захираҳои табий, корхонаҳо, биноҳо, иншоот дарозмуддат — аз панҷ ва аз ин ҳам зиёд мебошад.
ҳангоми бастани шартномаи иҷораи замин шартҳои аз тарафи ичорагир гузаронидани киштгардони илман асоснок бояд ҳатман пешбини карда шавад. Ба ин муносибат мўҳлати минималии иҷораи замин набояд аз як ротацияи киштгардони майдонҳо кам бошад.
Қитъаи заминро барои корҳои кишоварзи ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи ба мўҳлати муайянкардаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додан мумкин аст.(Қонун №65 аз 9.12.04с.)
Бо назардошти хусусияти молу мулк ва мақсадҳои иҷора шартнома кўтоҳмуддат — то 5 сол шуда метавонад.
Баъди анҷоми мўҳлати амали шартнома иҷорагир ҳуқуқ дорад шартномаро барқарор кунад.
Агар дар бораи қатъ намудан ва ё тағйир додани шартнома баъди анҷоми мўҳлати он аризаи яке аз тарафҳо набошад, шартнома дар ҳамон мўҳлат ва аз рўи ҳамон шартҳо дароз карда мешавад, ки дар он пешбини шуда буданд. ҳангоми ба мўҳлати нав дароз кардани шартнома шартҳои он бо созиши тарафҳо тағйир ёфта метавонанд.
Моддаи 13. Тағйир додан, бекор кардан, қатъ намудан ва давом додани шартнома
Тағйир додани шартҳои шартнома, бекор кардан ва қатъи он бо ризоияти тарафайн роҳ дода мешавад. Бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи ду моҳ пеш огоҳонидани тарафи дигар ва дар мавридҳои шартҳои шартномаро вайрон кардани тарафи дигар шартномаи иҷора бо қарори суди иқтисоди ё суд қатъ шуда метавонад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Аз нав созмон додани ташкилотҳои иҷорадеҳ, инчунин иваз кардани соҳиби моликияти иҷора гирифта шуда сабаби тағйир ёфтан ва ё бекор шудани шартнома намегардад.
Дар мавриди фавти иҷорагир ва ё дигар ҳолатҳое, ки ў минбаъд ўҳдадориҳояшро иҷро карда наметавонад, ҳуқуқҳои вай мувофиқи шартномаи иҷора ба яке аз аъзоёни оила ё аъзои ҳамроҳаш коркунанандаи хоҷагии меҳнати (коллективи иҷора) мегузарад, агар онҳо иҷоракор шудан хоҳанд.
Иҷорадеҳ ҳақ надорад, ки ба чунин шахсон барои ҳамроҳ шудан ба шартнома ба мўҳлати боқимондаи шартномаи ҷори роҳ надиҳад, ба истиснои мавридҳое, ки бастани шартнома ба сифатҳои касби ва шахсии иҷоракор вобаста бошад.
Моддаи 14. Баррасии баҳсу мунозира дар аснои бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он
Баҳсҳои ҳангоми бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он ба миён омадаро суди иқтисоди ё суд мувофиқи ваколаташон барраси мекунанд. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 15. Муҳофизати ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулк
ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулке, ки вай мувофиқи шартномаи иҷора гирифтааст, баробари ҳуқуқи нисбати моликият муқарраркардаи қонунгузории граждани ҳимоя карда мешавад. Вай метавонад баргардонидани молу мулки иҷораро аз истифодаи ғайриқонуни, бартараф кардани монеаҳои истифодаи амвол, додани товони зарареро, ки ҳар шахс, аз ҷумла иҷорадеҳ, ба молу мулк расондааст, талаб кунад.
Аз ҳисоби молу мулки иҷора додани қарзи иҷорадеҳ роҳ дода намешавад.
Молу мулки иҷорагир танҳо бо қарори суди иқтисоди мусодира карда мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Шартҳои шартномаи иҷора дар тамоми мўҳлати эътибори шартнома ва дар он мавридҳое эътибори худро гум намекунад, ки қонунгузори баъди имзои шартнома қоидаҳоеро муқаррар кардааст, ки аҳволи иҷорагирро бад мекунад.
ИҶОРАИ КОРХОНАҲО (ИТТИҲОДИЯҲО).
Моддаи 16. Ташкили корхонаи иҷора
Коллективи меҳнатии корхонаи давлати (иттиҳодия) ё воҳиди структурии иттиҳодия (минбаъд корхонаи давлати) ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади дар асоси корхона ташкил намудани корхонаи коллективи ташкилоти иҷоракоронро ҳамчун шахси юридикии мустақил диҳад.
қарори созмон додани ташкилоти иҷорагирон ва органҳои он дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнати ба овози аз се ду қисми аъзоёни он қабул карда мешавад.
Ташкилоти иҷорагирон лоиҳаи шартномаи иҷораро якҷоя бо комитети иттифоқи касаба тартиб дода, онро ба органи давлатие, соҳиби моликият вайро барои ба иҷора додани корхонаи давлати ваколатдор намудааст, мефиристонад. Ин орган бояд лоиҳаи шартномаро дар муддати си рўзи баъди гирифтани он барраси кунад. Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора ба миён меоянд, аз ҷумла ихтилофҳои вобаста ба беасос ба иҷора надодани корхона ва кашол додани мўҳлати муҳокимаи таклифҳоро суди иқтисоди барраси кунад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Баъди имзои шартнома ташкилоти иҷоракорон мувофиқи тартиби муқарраргардида молу мулки корхонаро қабул мекунад ва мақоми корхонаи иҷоравиро мегирад.
Корхонаҳои давлати, воҳидҳои структурие, ки дар асоси онҳо корхонаи иҷорави ташкил шудааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун барҳам дода мешаванд.
Корхонаи иҷора дар асоси оинномае, ки дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнати тасдиқ мешавад, амал мекунад. Корхонаи иҷора аз рўзи дар комиҷроияҳои мақоми бақайдгири маҳалли ҷойгиршавии корхонаи иҷора қайд шуданаш ҳуқуқи шахси юридикиро мегирад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Корхонаи иҷора мувофиқи дархосташ номгўи ва мукофотҳои ҳукуматии корхонаи давлатиро, ки вай ба иҷора гирифтааст, дар худ нигоҳ дошта метавонад.
Корхонаи иҷора вориси ҳуқуқи молу мулк ва вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифтааш, аз ҷумла вориси ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар захираҳои табии мегардад. Иҷорадеҳ пардохти қарзи корхонаро пурра ё қисман ба ўҳдаи худ гирифта метавонад.
Ўҳдадории корхонаи давлатиро дар бобати фурўши маҳсулот (кор, хизмат) иҷорагир дар ҳаҷму мўҳлати пешбиникардаи шартномаи ин корхона иҷро мекунад. Иҷорадеҳ ба иҷорагир захираҳои модди ва лимитҳои (фондҳои) онҳоро медиҳад, инчунин дигар тадбирҳои заруриро меандешад, ки иҷрои ин ўҳдадори таъмин гардад.
Корхонаи иҷорави ҳуқуқашро барои маблағгузории мутамарказ ва дотация дар ҳаҷме, ки барои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта муқаррар гардида буд, нигоҳ медорад.
Корхонаи иҷора ҳуқуқу вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта шуда дар бобати иштирок кардан дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуде, ки вай он ҷо ҷой гирифтааст, мегузаранд.
Шартномаи иҷора муносибатҳои байни иҷорагир ва иҷорадеҳро доир ба шартҳои истифодаи захираҳои сўзишвори, ашьёи хом, масолеҳ, истеҳсолоти нотамом, маснуоти тайёр, тақсимн бақияи фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисоди, истифодаи фонди манзили идорави, бо маблағ таъмин кардани он, харҷи маблағеро, ки барои пардохти қарзи дебитори гирифта шудааст, муайян мекунад.
Маҷбуран ба иҷора додани объектҳое, ки барои корхонаҳои иҷора зтёдатианд, роҳ дода намешавад.
Моддаи 17. Идораи корхонаи иҷора
Корхонаи иҷора мувофиқи оинномаи он идора карда мешавад.
Моддаи 18. Фаъолияти хоҷагии корхонаи иҷора
Корхонаи иҷора ҳуқуқ дорад сарватҳои моддиеро, ки ба таркиби мулки иҷора дохил мешаванд, ба иҷораи фаръи диҳад, барои истифодаи муваққати бепул ва ё пулаки диҳад, ба шарте ки чунин тариқи додани молу мулк боиси кам шудани нерўи (арзиши) истеҳсолию иқтисодии корхона нагардад ва дигар шартҳои шартномаи иҷораро халалдор накунад. Тартиби мазкури ихтиёрдории молу мулки иҷора нисбати замин ва дигар объектҳои табий ва дар мавридҳои дигаре, ки актҳои қонуни пешбини кардаанд, татбиқ намегардад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Корхонаи иҷора барои арзиши амволро зиёд намудан ҳуқуқ дорад ба таркиби молу мулки иҷора мустақилона тағйирот дарорад, онро аз нав созад, техникаи нав шинонад, васеъ кунад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
Корхонаи иҷора истифодаи самарабахш ва такрористеҳсолкунии захираҳои табииро таъмин карда, онҳоро мувофиқи мақсадҳое ба кор мебарад, ки ба ин мақсадҳо дода шудаанд. Вай вазифадор аст муҳити атрофро аз олудаги ва дигар таъсирҳои зиёновар ҳифз кунад.
Фаъолияти иқтисодни берунии корхонаи иҷора мувофиқи тартибе сурат мегирад, ки барои корхонаҳои давлати муқаррар гардидааст.
Корхонаи иҷора вазифадор аст, ки аз рўи шартномаи иҷора иҷрои супориши давлати ва супоришҳоро барои фурўши маҳсулот (кор, хизмат) мувофиқи алоқаҳои мавҷудаи хоҷаги дар ҳаҷме, ки аз супоришҳои дахлдори соли ба иҷора додани корхона зиёд набошад, ба ўҳда гирад.
Вай ихтиёран заказҳои давлати ва дигар хел ўҳдадории истеҳсол ва фурўши маҳсулотро дар ҳаҷме мегирад, ки корхона молу мулки ба моликияти коллективи тааллуқдоштаашро ба ҳамон андоза истифода мебарад.
Иҷорадеҳ ўҳдадории аз иҷорагир харидани маҳсулотро ба зимма гирифта метавонад.
Корхонаи иҷора маҳсулоташ (кор, хизматаш)-ро аз рўи нархҳои яклухт, харид, чакана ва шартномавие мефурўшад, ки барои корхонаи давлати пешбини гардидаанд. Ашьё, масолеҳ ва дигар захираҳои моддию техникиро корхонаи иҷора аз рўи нархҳои мавҷудаи яклухт харид, чакана ва шартномави мувофиқи тартиб ва шартҳои барои корхонаҳои давлати муқарраршуда мехарад.
Ба корхонаи иҷора барои васеъ кардани истеҳсолот иҷрои вазифаҳои иҷтимои аз ҳисоби маблағи давлатии мутамарказ ва маблағи иҷорадеҳ дотация, инчунин дар асоси ўҳдадории афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он (кор, хизмят) қарз ва бунак (аванс) дода шуданаш мумкин аст.
Иҷорадеҳ ба иҷорагирони корхонаҳои давлатии зараровар ва камфоида оиди иҷорапули имтиёзҳо дода метавонад.
Корхонаи иҷора натиҷаи фаъолияташро ба ҳисоб мегирад, ҳисобу китоби бухгалтери ва омориро мувофиқи тартиби умумие, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, пеш мебарад. Ба фаъолияти корхонаи иҷора аз рўи тартибе, ки қонунгузории ҷори барои корхонаҳо муқаррар карда аст, бо назардошти хусусияти муносибатҳои иҷорави назорат карда ме¬шавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 19. Маблағҳои молиявии корхонаи иҷора
Захираҳои молиявии корхонаи иҷора аз ҳисоби фурўши маҳсулот (кор, хизмат), кредитҳо, маблағи аз фурўши коғазҳои қиматнок ба даст омада, хайрия ва дигар воситаҳои молияви ташкил меёбанд.
Аз ҳисоби маблағи ҷамъшудаи корхонаи иҷора хароҷоти модди ва хароҷоти мушобеҳи он, маблағи музди меҳнат бароварда мешавад, андозҳо, пули иҷора, пардохти суғурта, пули захираҳои табии ва қувваи кори, фоизи қарзҳо дода мешавад. Фоидаи боқимонда пурра дар ихтиёри корхонаи иҷора мемонад. Корхонаи иҷора мақсадҳои истифодаи ин фоидаро мустақилона муайян мекунад.
Корхонаи иҷора метавонад барои ҷалб намудани захираҳои иловаги коғазҳои қиматнок барорад, дар асоси қонунҳои дар амал буда заёмҳои мақсаднок барорад, дар бозори коғазҳои қиматнок иштирок намояд.
Барои харидани коғазҳои қиматнок аъзоёни коллективи меҳнатии корхонаи иҷора афзалият доранд.
Корхонаи иҷора метавонад дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо, аз ҷумла мувофиқи аҳду паймони тарафайн роҷеъ ба ҳаҷми фоизи истифодаи онҳо аз маблағҳои худ ба корхонаю ташкилотҳои дигар пул қарз диҳад.
Маблағҳо аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат бо иҷозати корхонаи иҷора ва ё бо қарори суди иқтисоди ё суд бароварда мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Пул аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат дар мавридҳои пешбиникардаи актҳои қонуни соқит карда мешавад. Агар корхонаи иҷора дар бобати аз ҳисоб соқит кардани пул рози набошад, вай ҳақ дорад дар бораи ситонидани пули беасос аз ҳисоб соқитшуда ба рақами давлати шикоят кунад.
Моддаи 20. Меҳнат ва музди он
Муносибатҳои меҳнатии аъзоёни коллективи корхонаи иҷораро қонуни оид ба меҳнат бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин қонун танзим мекунад.
Корхонаи иҷора тартиби киро кардан ва аз кор озод намудани коркунон, шаклу системаи додани музди меҳнат, тартиби рўзи кор, усули сменагии корро мустақилона муайян намуда, дар бораи баҳисобгирии умумии вақти кори қарор қабул мекунад, тартиби рўзҳои истироҳат ва рухсатиро муқаррар менамояд.
Корхонаи иҷора муддати рухсатии ҳарсолаи пулакиро мустақилона муайян менамояд. Дар айни замон давомоти он аз вақти барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни корхонаҳои давлати муайянгардида кам шуда наметавонад.
ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои ҷори манфиати иҷтимоии меҳнаткашони корхонаҳои иҷораро ҳамаҷониба ҳифз мекунад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Барои коркуноне, ки аз сабаби ба иҷора додани корхонаи давлати аз кор озод мешаванд, иҷорадеҳ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дахлдор ҳуқуқҳоеро кафолат медиҳанд, ки қонун барои коркуноне пешбини кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтан ва ё барҳам хўрдани корхонаи давлати аз кор ҷавоб шудаанд. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Корхонаи иҷора мувофиқи тартиб ба андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои дахлдор мегузаронад ва андоз месупорад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 21. Моликияти корхонаи иҷора
Маҳсулоти истеҳсолшуда, даромад ва амволи дигаре, ки бо пули корхона харида шудаанд, моликияти корхонаи иҷора мебошад.
Дар амволе, ки мувофиқи шарту тартиби муайянкардаи оинномаи корхонаи иҷора моликияти он мебошад, андозаи саҳми аъзоёни коллективи меҳнати дар буньёди ин амвол аз ҳисоби иштироки шахсиашон, инчунин маблағгузори ва амволи дигари ҳиссагузоштаашон муайян карда мешавад.
Ба узви коллективи меҳнати ба арзиши ҳиссааш дар моликияти корхонаи иҷора дар асоси оинномаи он қоғазҳои қиматнок дода шуданаш мумкин аст. Ба қоғазҳои қиматноки аъзоёни коллективи меҳнати бо назардошти натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот ва вазифаҳои тараққии корхона мувофиқи ҳаҷми муайянкардаи коллективи меҳнати ҳаққи саҳм (дивиденд) дода мешавад.
Арзиши ҳақиқии қоғазҳои қиматнок дар мавридҳои пешбиникардаи оинномаи корхона ба соҳибонашон баргардонда мешавад.
Дар оинномаи корхонаи иҷора тартиб ва шартҳои додани ҳаққи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатие, ки муносибатҳои меҳнатиро қатъ кардаанд, муайян карда мешаванд.
Моддаи 22. Ташкили корхонаи иҷора дар заминаи моликияти соҳаи корхонаи (иттиҳодияи) давлати
Корхонаи иҷораро дар заминаи иҷораи моликияти истеҳсолот, цехҳо, шўъбаҳо, фирмаҳо ва ё соҳаҳои дигари корхонаи (иттиҳодияи) давлати ташкил кардан мумкин аст. Чунии корхонаи иҷора бо ризоияти мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлати созмон меёбад. Дар айни ҳол шартномаи иҷора бо корхонаи (иттиҳодияи) давлатие баста мешавад, ки қисме аз амволи вай ба иҷора мегузарад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Моддаи 23. Озмун барои иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва амволи онҳо
Корхонаи (иттиҳодияи) давлати ва ё соҳаи он ба тариқи озмун ба иҷора дода шуданаш мумкин аст.
Озмунро органи давлатие эълон мекунад, ки барои ба иҷора додани амволи дахлдор ҳуқуқ дорад.
Дар озмун коллективҳои меҳнатин корхонаҳои (иттиҳодияҳои) давлати ва ё соҳаҳои онҳо, коллективҳои муштараки дарбаргирандаи коркуноне, ки дар ҳамин корхона, иттиҳодия (соҳа) кор намекунанд, гурўҳи гражданинҳое, ки бо мақсади ба иҷора гирифтани корхона, иттиҳодияи (соҳаи) дахлдор дар коллектив муттаҳид шудаанд, иштирок карда метавонанд. Коллективҳои мазкур барои иштирок дар озмун мувофиқи тартиби пешбиникардаи банди 1-и моддаи 16 ҳамин қонун ташкилоти иҷоракоронро ташкил медиҳанд. Дар озмун корхонаҳои (иттиҳодияҳои) дигари давлати, инчунин кооперативҳо ва ташкилотҳои ҷамьияти иштирок карда метавонанд.
Коллективҳои меҳнатии корхонаҳои давлати ва соҳаҳое, ки ба иҷора дода мешаванд, дар баробари шартҳои дигари якхела барои иҷора гирифтани корхонаи давлати бештар ҳақ доранд. Иҷорадеҳ ва инчунин органҳои он ҳангоми баррасии пешниҳодоти ба озмун расидаи иҷоракорон ба онҳое, ки самарабахшии бештари истеҳсолотро таъмин намуда, қисми зиёди амволи ба иҷора пешниҳодкардаро қабул карда, ўҳдадор мешаванд, ки бештар иҷорапули медиҳанд, бартари хоҳанд дод.
Ташкилоти аз озмун гузаштаи иҷоракорон бо иҷорадед шартномаи иҷора мебандад ва мувофиқи тартибу шартҳои пешбиникардаи моддаҳои 16-21 ҳамин қонун ҳамчун корхонаи иҷора амал мекунад.
Моддаи 24. Дар заминаи амволи ташкилотҳои ҷамъияти ташкил кардани корхонаҳои иҷора
Ташкилотҳои ҷамъияти ҳуқуқ доранд, ки корхонаҳо ва соҳаҳои онҳоро мувофиқи шартҳои муайянкардаи ин ташкилотҳо ба иҷора диҳанд. Дар баробари ин ташкилотҳои ҷамъияти метавонанд ҳангоми муайян кардани тартиби ташкил ва шартҳои фаъолияти корхонаҳои иҷора принципҳои дар ҳамин фасл зикрёфтаро истифода баранд.
Моддаи 25. Корхонаи (иттиҳодияи) давлати ва ё соҳаи онро ба иҷора гирифтани кооператив
ҳангоми ба кооператив иҷора додани корхонаи давлати ва ё соҳаи он муносибатҳои иҷорави бо органи давлатие, ки барои ба иҷора додани корхона ваколатдор мебошад ва муқаррар мегарданд. Шартҳои шартномаи ба кооператив ба иҷора додан дар асоси моддаҳои 16-ум ва 18-и ҳамин қонун муайян мегарданд.

(Қонун №126 аз 4.11.95с.)
ИҶОРАГИРИИ ГРАЖДАНИНҲО

Моддаи 26. Иҷораи фарди ва гурўҳи
Гражданин ва ё гурўҳи гражданинҳо метавонанд воситаҳои истеҳсолот ва моликияти дигареро, ки барои фаъолияти хоҷагиашон зарур аст, иҷора гиранд.
Шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнати дар асоси шартҳои иҷораи фарди ё гурўҳи машғуланд, баробари коргарону хизматчиён ҳаққи суғуртаи иҷтимои ва таъминоти иҷтимоиро доранд. Иҷоракорон мувофиқи тартибу ҳаҷми муайянкардаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадашон ба фонди давлатии суғуртаи иҷтимои ҳисса мегузаронанд. Давраи кори иҷоракорон, ки дар давоми он суғуртапули дода шудааст, ба стажи кор дохил мешавад. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Органҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла шахсони юридикии хориҷи, ташкилотҳои давлати, кооперативи, ҷамъияти ва дигар ташкилотҳо, ки барои ба иҷора додан ваколат доранд, вазифадоранд дар муддати як моҳ аризаи гражданинҳоро дар бораи ба онҳо ба иҷора додани амвол, замин ва дигар захираҳои табий дида бароянд.
Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора, аз ҷумла беасос рад кардан ё аз мўҳлат дер дида баромадани аризаи ба иҷора додани амвол, замин ва захираҳои табий ба миён меоянд, бевосита суд барраси мекунад.
Моддаи 27. Фаъолияти хоҷаги ҳангоми иҷораи фарди ва гурўҳи
Иҷорагирони фарди ва ё гурўҳи мувофиқи шартнома ба маҳсулоти баровардаи худ мустақилона ихтиёрдори мекунанд, онро дар ҳар минтақаи мамлакат мефурўшанд, мувофиқи нарху навои бо ризоияти истеъмолкунанда ва ё мустақилона муқарраркарда корҳоро ба ҷо меоранд ва хизмат мерасонанд. Онҳо метавонанд иҷрои супориши давлатиро ихтиёран ба ўҳда гирифта, маҳсулоти аз ҳисоби ин супориш истеҳсолшударо бо нархҳои яклухт, харид ва ё шартномави фурўшанд.
Дар участкаҳои замини иҷора сохтани бино, ба ғайр аз бошишгоҳи саҳрои, ки ба он бояд розигии иҷорадеҳ бошад, роҳ дода намешавад.
Иҷоракор ба пули фурўши маҳсулот (корҳо, расонидани хизмат) баъди додани пули иҷора, андозҳо ва пардохти қарзи банк мустақилона ихтиёрдори мекунад.
Таъминоти моддию техники, нақлиёт, таъмиру тармим ва дигар намудҳои хизматрасонии иҷоракор дар хоҷагии қишлоқ дар асоси шартномае, ки мувофиқи тартиб ва шартҳои барои колхозу совхозҳо муқарраршуда баста шудааст, сурат мегирад.
Хоҷагиҳои меҳнатии иҷоракорон ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолиашон метавонанд бо колхозҳо, совхозҳо ва дигар ташкилотҳои давлати, кооперативи ва ҷамъияти алоқаҳои кооперациони барқарор карда, кооперативҳои таъминоту фурўш, азнавкоркуни, таъмиру сохтмон ва дигар кооперативҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои рафоқат ташкил кунанд.
Моддаи 28. Счёт дар банк, қарз
Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои банк счёт кушояд. Ў ҳақ дорад, ки барои гузаронидани муомилоти қарз ва ҳисобу китоб мустақилона банк интихоб намояд.
Иҷоракорон метавонанд бо ризоияти муассисаҳои банк ва ё иҷорадеҳон барои тараққии истеҳсолот қарзи кўтоҳмуддат ва ё дарозмуддат гиранд.
Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба иҷоракорон барои ташкили хоҷаги, тараққии истеҳсолот, обёрии замин, сохтмони роҳ ва манзил қарз ё бо подош пул ҷудо кунанд. (Қонун №126 аз 4.11.95с.)
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба иҷора супоридани амволӣ давлатӣ»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои
ҚАРОР
ТАРТИБИ БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ
(аз 02 ноябри соли 2011 № 537 ш. Душанбе)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1) Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ (минбаъд-Тартиб) мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2) Меъёрҳои Тартиб нисбати амволи ба иҷорадодашавандаи вазорату идораҳо, корҳонаю ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои ҳоҷагидорӣ, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 100 фоизро ташкил медиҳад татбиқ мегардад.
3) Тартиб масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ, шартҳои ба иҷора додан ва ба расмият даровардани шартномаи иҷораи амволи давлатиро байни иҷорадиҳанда ва иҷорагир муайян менамояд.
4) Мақсадҳои асосии Тартиб:
а) таъмини ҳамоҳангсозии раванди ба иҷора супоридани амволи давлатӣ;
б) истифодабарии самараноки воситаҳои асосии давлатӣ ва зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети давлатӣ;
в) тақвияти назорати истифодабарии амволи давлатӣ;
г) таъмини баҳисобгирии истифодаи амволи давлатӣ;
д) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя;
ё) баланд бардоштани самаранокӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот.
5) Тартиб системаи муносибатҳоро, ки ҳангоми амалӣ намудани он иҷорадиҳанда ўҳдадор аст ба иҷорагир амволи давлатиро бо дарназардошти нарасонидани зарар ба фаъолияти дорандаи баланс пулакӣ ба истифодаи муваққатӣ диҳад, дар бар мегирад.
6) Иҷорадиҳанда — нисбати объектҳои моликияти ҷумҳҳуриявӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати объектҳои моликияти коммуналӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
7) Иҷорагир — ин шаҳси воқеи ё ҳуқуқие мебошад, ки амволи давлатиро пулакӣ ба истифодаи муваққатӣ мегирад.
8) Дорандаи баланс — корҳонаю муассисаҳо ва ташкитотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар баланси ҳуд воситаҳои асосӣ доранд ва ин воситаҳо ё қисме аз онҳо барои супоридан ба иҷора пешниҳод гардидаанд.
9) Объектҳои иҷора – корҳонаҳо, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиет, меҳанизмҳо, масоҳатҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ё қисми онҳо ва дигар васоите, ки давлатӣ мебошанд ва дар ҷараени истифода ҳусусияти аввалаи ҳудро гум намекунанд, ба шумор мераванд.

2. ТАРТИБИ БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

10) Ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз тарафи иҷорадиҳанда дар асоси пешниҳоди дорандаи баланс анҷом дода мешавад.
11) Ба иҷора супоридани амволи давлатӣ бо роҳи гузаронидани озмун амалӣ карда мешавад.
12) Ҷиҳати қабули қарор оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз тарафи дорандаи баланс ба иҷорадиҳанда маълумотнома дар бораи арзиши балансӣ ва ҳолати воқеии объекти иҷора пешниҳод карда мешаванд.
13) Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда роҳбарияти дорандаи баланс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
14) Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои барзиёд истифодабарии масоҳатҳои биноҳои маъмурӣ, инчунин истифода накардан ва ё самарабаҳш истифода набурдани дигар амволи давлатӣ иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад бо ташабуси ҳуд онро ба иҷора диҳад.
15) Иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки объектҳои ҳаробгаштаи давлатиро бо мақсади таъмиру барқароркунӣ ва истифодаи минбаъдаи он ба иҷора дода, ба мўҳлати то 3 сол аз иҷорапулӣ озод намояд.

3. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ИҶОРАДИҲАНДА ВА ИҶОРАГИР

16) Шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо, инчунин дигар шартҳо, ки ба қонунгузорӣ муҳолифат намекунанд, дар шартномаи иҷораи амволи давлатӣ (минбаъд- шартномаи иҷора) муқаррар карда мешаванд.
17) Иҷорагир аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани шартномаи иҷора амволи давлатиро ба иҷора мегирад.
18) Иҷорагир барои ўҳдадориҳои ҳуд, ки аз шартномаи иҷора бармеоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти моддӣ ва молиявӣ дорад.
19) Иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад иҷро шудани шартҳои шартномаи иҷораро аз ҷониби иҷорагир санҷад ва иҷорагир ўҳдадор аст, ки бо талаби иҷорадиҳанда маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
20) Самара, маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир дар натиҷаи истифодаи объекти иҷора ба даст меорад, моликияти ҳусусии ў ба ҳисоб меравад, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
21) Иҷорагир ўҳдадор аст, ки маблағи иҷорапулиро саривақт пардоҳт намояд. Мўҳлатҳои пардоҳти иҷорапулӣ тибқи шартномаи иҷора муқаррар карда мешаванд.
22) Иҷорагир ўҳдадор аст, ки истифодаи объекти иҷораро мутобиқи шартҳои шартномаи иҷора таъмин намояд.
23) Дар ҳолати аз ҷониби иҷорагир мутобиқи шартҳои шартномаи иҷора истифода набурдани объекти иҷора, иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷораро бекор кунад ва ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
24) Ба шаҳси дигар гузаштани ҳуқуқи моликияти объекти иҷора барои тағйир ёфтани шартҳо ё бекор кардани шартномаи иҷора асос шуда наметавонад.
25) Пеш аз мўҳлат қатъ намудани шартномаи иҷора аз ҷониби иҷорадиҳанда ё иҷорагир бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
26) Баргардонидани амволи давлатӣ аз ҷониби иҷорагир ба иҷорадиҳанда мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО

27) Ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои шартномаи иҷора тарафҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
28) Тарафи гунаҳкор ўҳдадор аст ба тарафи дигар зарари моддӣ ва зиёни молиявии вобаста ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои ҳуд расонидаро тибқи шартномаи иҷора ҷуброн намояд.
29) Ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани шаҳсони гунаҳкор онҳоро аз ўҳдадории ҷуброни зарари моддӣ ва молиявии расонидашуда озод наменамояд.

5. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО

30) Баҳсҳое, ки дар давоми мўҳлати шартномаи иҷора ба миён меоянд, бояд бо роҳи гуфтушуниди тарафҳо ҳал карда шаванд.
31) Агар тарафҳо ба мувофиқа нарасанд, баҳсҳо бо тартиби судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

6. ШАРТНОМАИ ИҶОРА

32) Ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи муносибати иҷорадиҳанда ва иҷорагир шартномаи иҷора мебошад.
33) Мўҳлати иҷора байни иҷорадиҳанда ва иҷорагир муайян карда мешавад.
34) Шартномаи иҷора бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
а) номгў ва арзиши амволи давлатии ба иҷора додашаванда;
б) мўҳлати иҷора;
в) шарт, мўҳлат, андоза ва маблағи умумии иҷорапулӣ;
г) шартҳои тамдид намудани мўҳлати иҷора ва аз нав дида баромадани андозаи иҷорапулӣ;
д) ҳолати амволи давлатӣ, ки иҷорадеҳ онро ба иҷорагир месупорад;
ё) шартҳои истифодабарии амволи давлатӣ аз тарафи иҷорагир, инчунин пардоҳти ҳизматрасонии коммуналӣ ва дигар ҳизматрасониҳо вобаста аз истифодабарии объекти иҷора;
ё) тартиби баргардонидани объекти иҷора баъди бекор шудани шартномаи иҷора;
ж) ўҳдадориҳо оид ба барқароркунӣ ва таъмири объекти иҷора;
з) шартҳои бекор намудани шартномаи иҷора, аз ҷумла дар натиҷаи вайрон гардидани мўҳлатҳои пардоҳти иҷорапулӣ;
и) дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафҳо, аз ҷумла шартҳое, ки ба қонунгузорӣ муҳолифат намекунанд.
35) Ҳангоми ба иҷора супоридани амволи давлатӣ иҷорагир метавонад мустақилона тибқи қонунгузорӣ суғуртаи шаҳсӣ. инчунин суғуртаи амволро амалӣ намояд.
36) Бекор кардани амали шартномаи иҷора тибқи тартибе, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи иҷора муқаррар шудааст, амалӣ мегардад.

7. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ИҶОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИ

37) Шартномаи иҷора дар муддати на дертар аз 10 рeзи бонкӣ баъди ба имзо расидани Протоколи натиҷаҳои озмун байни иҷорадиҳанда ва ғолиби озмун баста мешавад.
38) Дар ҳолати бастани шартномаи иҷора тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки замимаҳои заруриро ба шартномаи иҷора илова намоянд ва онҳо қисми ҷудонашавандаи шартномаи иҷора мебошанд.
39) Маблағи иҷорапулӣ ҳар моҳ ва ё ҳар як семоҳа дар шакли маблағи устувор пардоҳт карда мешавад.
40) Маблағи иҷорапулии амволи давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва мансуб ба моликияти коммуналӣ ба буҷети маҳаллӣ пардоҳт карда мешавад.

8 ТАРТИБИ ҚАБУЛУ СУПОРИДАНИ ОБЪЕКТИ ИҶОРА

41) Объекти иҷора баъди ба имзо расидани шартномаи иҷора, тибқи санади қабулу супоридан, ки бо иҷорадиҳанда мувофиқа карда шудааст аз тарафи дорандаи баланс ба иҷорагир супорида мешавад.
42) Омода намудани объекти иҷора барои супоридан ба иҷора, аз ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод намудани санади қабулу супоридан вазифаи дорандаи баланс буда, аз ҳисоби ў анҷом дода мешавад, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
43) Санади қабулу супоридани объекти иҷора бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
а) номи объекти иҷора, маҳал ва санаи омода гардидани санад;
б) рақам ва санаи имзои шартномаи иҷора, ки мутобиқи он қабулу супоридани объекти иҷора анҷом дода мешавад;
в) ҳолати воқеии объекти иҷора;
44) Санад аз ҷониби дорандаи баланс ва иҷорагир имзо ва бо мўҳрҳои онҳо тасдиқ гардида, барои мувофиқа ба иҷорадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
45) Дар сурати агар ғолиби озмун аз имзо намудани протоколи натиҷаҳои озмун, шартномаи иҷора ё ин ки санади қабулу супоридани объекти иҷора даст кашад, шартномаи иҷора бо иштирокчии озмун, ки пешниҳоди ў ҷойи дуюмро ишғол намудааст, баста мешавад.
46) Ҳангоми катъ гардидани шартнома, иҷорагир вазифадор аст, ба дорандаи баланс объекти иҷораро бо дарназардошти қисмҳои беҳшудаи тақсимнашаванда, фарсудашавӣ ё ҳолати дар шартномаи иҷора пешбинишуда, баргардонад.

9. МУАЙЯН НАМУДАНИ НАРҲИ ИБТИДОИИ ОБЪЕКТИ ИҶОРА

47) Нарҳи ибтидоии объекти иҷора, ки ба озмун бароварда мешавад, аз ҷониби иҷорадиҳанда муайян мегардад.
48) Нарҳгузории амволи давлатии ба иҷора супоридашаванда тибқи тартиби муқарраргардидаи Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки ҳусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997, №181 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
49) Нарҳи ибтидоии солонаи объекти иҷора мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуда, ҳангоми муқаррар намудани он иҷорадиҳанда ҳуқуқи истифодаи коэффисиенти бозоргониро дорад.
50) Ҳангоми зарурати муайян намудани нарҳи ибтидоии моҳона, семоҳа ё нимсолаи объекти иҷора ҳисоби нарҳи ибтидоии солонаи объекти иҷора мутаносибан ба 12, 4, 2 тақсим карда мешавад.
10. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН БАРОИ
БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ
51) Иҷорадиҳанда барои ташкили озмун иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
а) комиссияи озмуниро аз ҳисоби мутаҳассисони ҳуд ва намояндаи дорандаи баланси объекти иҷора дар ҳайати на камтар аз 5 нафар таъсис медиҳад;
б) раиси комиссияи озмунӣ дар мавриди ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ дар сатҳи сардори раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ дар сатҳи муовини раиси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъин карда мешавад;
в) ҳабари иттилоотиро оид ба гузаронидани озмун дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ ва сомонаи расмии ҳуд на дертар аз 15 рўзи бонкӣ то санаи гузаронидани озмун ҷойгир менамояд.
52) Ҳабари иттилоотӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
а) ном, суроға ва телефони иҷорадиҳанда;
б) сана, ҷой ва вақти гузаронидани озмун;
в) мўҳлати оҳирини қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун;
г) номгўи пурра ва макони ҷойгиршавии объекти иҷора;
д) шартҳои гузаронидани озмун;
ё) нарҳи ибтидоии объекти иҷора;
ё) номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун зарур мебошанд;
ж) маблағи пардоҳти кафолатӣ барои иштирок дар озмун;
з) маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди иҷорадиҳанда.
53) Пардоҳти кафолатӣ барои иштирок дар озмун дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.
54) Пардоҳти кафолатии ғолиби озмун ҳамчун пардоҳтҳои мутобиқи шартномаи иҷора анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.
55) Пардоҳти кафолатӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешавад:
а) даст кашидани ғолиби озмун аз имзои протоколи натиҷаҳои озмун ё аз бастани шартномаи иҷора;
б) иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ўҳдадориҳои шартномаи иҷора.
56) Пардоҳти кафолатӣ ба иштироккунандае, ки ғолиби озмун дониста нашудааст дар муддати 10 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаронидани озмун баргардонида мешавад.
57) Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) барои шаҳсони воқеӣ — нусҳаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шаҳсият;
б) барои шаҳсони ҳуқуқӣ — ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шаҳси ҳукуқӣ;
в) лифофаи сарбаста, ки дар доҳили он номи пурраи объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нарҳи объекти иҷора гузошта шудааст;
г) нусҳаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардоҳти маблағи кафолатпулӣ.
58) Пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нарҳи объекти иҷора бояд аз нарҳи ибтидоии он, ки дар ҳабари иттилоотӣ нашр гардидааст, кам набошад.
59) Шаҳсони зерин иштирокчиёни озмун шуда наметавонанд:
а) аъзои Комиссияи озмунӣ;
б) роҳбарияти дорандаи баланс.
60) Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи иҷорадиҳанда аз рўзи нашри ҳабари иттилоотӣ оғоз гардида, як соат пеш аз доир гардидани озмун ба анҷом мерасад.
61) Иҷорадиҳанда ному насаби иштирок-кунандагони озмунро дар китоби маҳсус ба қайд мегирад ва бо рақами муайян сабт намуда, ин рақамро дар лифофаи пешниҳоднамудаи иштироккунанда зикр менамояд.
62) Маҷлиси Комиссияи озмунӣ дар ҳолати ворид шудани як ё якчанд пешниҳод ҷиҳати иштирок дар озмун гузаронида мешавад. Комиссияи озмунӣ дар ҳолати иштироки беш аз 50 фоизи аъзои он дорои салоҳияти гузаронидани маҷлиси Комиссияи озмунӣ мебошад.
63) Лифофаҳо аз ҷониби Комиссияи озмунӣ дар вақти доир намудани озмун кушода мешаванд.
64) Ғолиби озмун иштироккунандае дониста мешавад, ки нарҳи пешниҳоднамудаи ў нисбати иштироккунандагони дигар зиёд бошад.
65) Дар сурати агар ба озмун танҳо як иштироккунанда ҳуҷҷат пешниҳод намуда бошад ва пешниҳоди ў аз нарҳи ибтидоии дар ҳабари иттилоотӣ нашргардида кам набошад, иштироккунандаи мазкур ғолиби озмун дониста мешавад.
66) Дар сурати аз тарафи ду ё якчанд иштироккунанда пешниҳод гардидани нарҳи якҳела, ғолиби озмун шаҳсе дониста мешавад, ки аввалин шуда ба қайд гирифта шудааст.
67) Комиссияи озмунӣ аз рўи ҳар як номгўи объекти иҷора, ки дар ҳабари иттилоотӣ нашр гардидааст, дар алоҳидагӣ Протоколи натиҷаи озмун тартиб медиҳад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
а) ҳайати Комиссияи озмунӣ;
б) шумораи иштироккунандагоне, ки барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд;
в) рақами ғолиби озмун, ки дар рўи лифофа сабт шудааст;
г) нарҳи пешниҳоднамудаи ғолиби озмун.
68) Протоколи натиҷаҳои озмун аз тарафи аъзои комиссия ва ғолиби озмун имзо карда шуда, асос барои бастани шартномаи иҷора мебошад.
69) Ғолиби озмун дар давоми 5 рўзи бонки пас аз ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби иҷорадиҳанда ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби даҳлдор пардоҳт менамояд, ки ин маблағҳо ба арзиши объекти иҷора доҳил намешаванд.